“Рӯбоҳи ҷилодор”. Кумитаи забон барномаи ҷустории “Mozilla Firefox” – ро ба тоҷикӣ тарҷума кард

Date:

Кумитаи забон ва ислоҳоти Тоҷикистон барномаи интернетии ҷустории “Mozilla FireFox” – ро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, бо номи “Рӯбоҳи ҷилодор” дар интернет ҷойгир кардааст. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон имрӯз, 3-юми август, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, давоми ду сол болои ин тарҳ кор кардаанд ва ниҳоят он бо дастрасии беш аз 1 млн. калима бо забони тоҷикӣ дар “Google Play” дастрасӣ аҳолӣ гардид.

Ӯ гуфт, барои тарҷума иҷозаи ширкати “Mozilla FireFox” – ро гирифтаанд ва ҳоло ба ин ширкат мактуби расмӣ ирсол кардаанд, ки барнома ба тари автоматӣ мавқеи ҷуғрофии истифодабарандаро маълум карда, забонро тоҷикӣ кунад.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода афзуд, ин тасмим барои рушди забони давлатии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

“Бартарии асосиаш ин аст, ки ин барномаи ҷусторӣ пурра ба забони тоҷикӣ аст. Фарзандони мо, аз боғча то мактабу донишгоҳҳо, яъне аз хурд то бузург аз Интернет истифода мебаранд. Мутаассифона, дар ҷустуҷӯгарҳое, ки мо дорем, забони тоҷикӣ вуҷуд надорад. Таҷриба нишон дод, ки дигар кишварҳо дар чанд шакл ин барномаҳоро бо забони давлатии худ тарҷума ва пешниҳод кардаанд. Мо тасмим гирифтем, ки шакли тарҷумашудаи ин барномаҳоро пешниҳод кунем”, – гуфт раиси Кумитаи забон ва истилоҳот.

Ёдовар мешавем, ки давоми чанд сол аст, Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар пайи тоҷикӣ кардани барномаҳои компютерӣ ва интернетӣ аст. Қаблан, Кумита барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” -ро таҳия карда буд, ки дар асоси он, акнун калимаҳои тоҷикие, ки дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навишта мешавад, ба таври худкор ислоҳ мекунад.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, дар нишасти матбуотии имрӯза гуфт, барнома як сол фаъолият кард, вале таҳлил нишон дод, ки бе тоҷикӣ кардани барномаи ҷусторӣ кори ин барнома самаранок нест. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки “Mozilla  FireFox”-ро ба тоҷикӣ тарҷума кунем.

Барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар заминаи Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, ки он 72 ҳазор калимаро дар бар мегирад, омода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд, то истифодабарандагони технологияҳои иттилоотӣ, махсусан онҳое, ки ба навиштани матн дар комютер сару кор доранд, тавонанд, шакли  дурусту ягонаи калимаҳои тоҷикиро ба кор баранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...