Эмомалӣ Раҳмон бо Мирзиёев ва Бердимуҳаммедов дар Ашқобод вомехӯрад

Вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон – Сардор Бердимуҳаммедов рӯзи 4 август ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора газетаи "Нейтральный Туркменистан" хабар медиҳад. Лекин ба “Азия-Плюс” муяясар нашуд, ки аз хадамоти матбуоти президент дар бораи кай ба Туркманистон рафтани Эмомалӣ Раҳмон ва чанд рӯз дар он ҷо ҳузур […]

Вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев ва Туркманистон – Сардор Бердимуҳаммедов рӯзи 4 август ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора газетаи "Нейтральный Туркменистан" хабар медиҳад.

Лекин ба “Азия-Плюс” муяясар нашуд, ки аз хадамоти матбуоти президент дар бораи кай ба Туркманистон рафтани Эмомалӣ Раҳмон ва чанд рӯз дар он ҷо ҳузур доштани ӯ маълумот дастрас кунад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июл дар ҷараёни конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов (Туркманистон) ва Бахтиёр Саидов (Ӯзбекистон) корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур баррасӣ шуданд.

Он замон вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни конфронси видеоӣ вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Дар ин нишаст баррасӣ ва табодули назар оид ба масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими муносибатҳои сулҳомез ва субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.