Ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз шуд. Рустами Эмомалӣ макон ва замони онро тасдиқ кард

Бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе то охири моҳи август дар пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ аз 1 то 31-уми август, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. “Ярмарка […]

Бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе то охири моҳи август дар пойтахт ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ аз 1 то 31-уми август, дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

“Ярмарка бо ҳадафи таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо либос ва лавозимоти мактабӣ ва бо риояи қоидаҳои беҳдошт баргузор карда мешавад”, – гуфт манбаъ.

Зикр карда шуд, ки Рустами Эмомалӣ раисони 4 ноҳияи шаҳри Душанберо муваззаф кардааст, то дар ҳамкорӣ бо сохторхои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеъмолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаҳо таъмин намоянд.

Макони баргузории ярмаркаҳо:

Дар шаҳри Душанбе: Маркази савдои “Панҷшер”

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ: ҶДММ МС “Истиқлол”, ҶДММ “Чеварони Лола” ва ҶДММ “Варзоб Т.Ҷ.”

Дар ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаи Валаматзода 8 (назди бинои ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур), хиёбони Рӯдакӣ 10 (назди Маркази савдои “Садбарг” ва “Шукрона”), кӯчаи Айнӣ 307/5, Маркази савдои “Ховарон” ва Маркази савдои “Гелос”.

Дар ноҳияи Фирдавсӣ: ҶДММ бозори “Корвон” ва “Корвон Плюс”, ҶДММ “Дунёи Нав АСК”, ҶДММ ИИ “Нассоҷии Тоҷик” ва Маркази савдои “Ганҷина”.

Ноҳияи Сино: дохили бозори “Сафариён”.

Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи хариди либосҳои мактабӣ ҳар сол қабл аз оғози соли хониш доғ мешавад, зеро баъзе аз масъулини мактабҳои кишвар волидонро маҷбур мекунанд, барои фарзандонашон аз мағозаҳои муайян либос харанд.

Аммо масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, хариди либоси мактабӣ аз ҷойҳои мушаххас иҷборӣ нест ва волидону хонандагон ҳақ доранд, ки либоси мактабии худро озодона харанд.

Рӯзи 1-уми август ҳам зимни нишасти матбуотӣ Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми кишвар гуфт, ки “директорони мактабҳои миёнаи кишвар ҳақ надоранд, ки волидони хонандагонро маҷбур созанд, то либоси фарзандашонро аз ҷои хосе харидорӣ кунанд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.