Президенти Тоҷикистон ба нишасти сеҷониба дар Ашқобод омодагӣ мегирад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки аввали моҳи августи соли равон  дар назар аст, ба Ашқобод меравад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур чанде пеш дар рафти конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов […]

Нигина Аслонова Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки аввали моҳи августи соли равон  дар назар аст, ба Ашқобод меравад, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Корҳои омодагӣ ба нишасти мазкур чанде пеш дар рафти конфронси видеоӣ бо иштироки вазирони хориҷии се кишвар: Сироҷиддин Муҳиддин (Тоҷикистон), Рашид Мередов (Туркманистон) ва Бахтиёр Саидов (Ӯзбекистон) баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии нишастро баррасӣ карданд.

“Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд”, – зикр мешавад дар хабари Вазорат.

Дар нишасти мазкур баррасӣ ва табодули назар оид ба масоили муҳими ҳамкориҳо ва рушди минтақа, имкони таҳкими муносибатҳои сулҳомез ва субот дар қаламрави Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.