Варзишгарони тоҷикро ба ҳунарнамоии шоиста дар Бозиҳои ИДМ ҳидоят карданд

Дар Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 132 нафар варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд. Чанде пеш дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бо иштирокчиёни ин бозиҳо вохӯрӣ доир гардид. Раҳбарияти Кумита аз варзишгарони ҷавон даъват кард, ки “дар посух ба ғамхориҳо ва ҳидояти Пешвои миллат – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳо шоиста ҳунарнамоӣ намуда”, […]

Дар Бозиҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) 132 нафар варзишгарони тоҷик иштирок мекунанд.

Чанде пеш дар Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон бо иштирокчиёни ин бозиҳо вохӯрӣ доир гардид. Раҳбарияти Кумита аз варзишгарони ҷавон даъват кард, ки “дар посух ба ғамхориҳо ва ҳидояти Пешвои миллат – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мусобиқаҳо шоиста ҳунарнамоӣ намуда”, парчами Тоҷикистонро барафрозанд.

Қобили зикр аст, ки Бозиҳои II ИДМ аз 3 то 15 август дар шаҳри Минск (Беларус) бо иштироки варзишгарон аз 9 кишвари Иттиҳод баргузор мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои 1-уми ИДМ соли 2021 дар Қазон (Русия) доир гардиданд. Дар ин бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон ба дарёфти 1 медали тилло, 6 – нуқра ва 6 – биринҷӣ шарафёб гардид.

Дар мусобиқаи гӯштини “кураш” байни наврасон дар вазни то 60 кило Хуршедшоҳ Каримзода унвони қаҳрамони ИДМ-ро соҳиб шуд.

Дар навъҳои гуногуни гӯштин ва бокс варзишгарони тоҷик 6 медали нуқра ва дар мусобиқаҳои самбо, гӯштин ва тенниси рӯйи миз 7 медали нуқра ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.