Падарони “қарздор” муҷозот ва падарони “гуреза” ҷустуҷӯ мешаванд

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 нисбати 399 падаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва 392 падари “гуреза”-и дигар аз ҷониби суд ҳоло дар кофтуков қарор дорад. Дар ин бора имрӯз, 4-уми июл, дар нишасти матбуотӣ Барно Саидвализода, директори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар шашмоҳаи аввали […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шаш моҳи аввали соли 2023 нисбати 399 падаре, ки аз пардохти алимент саркашӣ кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва 392 падари “гуреза”-и дигар аз ҷониби суд ҳоло дар кофтуков қарор дорад. Дар ин бора имрӯз, 4-уми июл, дар нишасти матбуотӣ Барно Саидвализода, директори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Додситонии кулли Тоҷикистон бинобар “бадқасдона саркашӣ намудан аз пардохти маблағи алимент” 399 (2022 – 441) нисбати падар парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

“Ин парванда бо пешниҳоди иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар асоси талаботи моддаи 177-и Кодекси ҷиноятии ҶТ боз гардидааст”, – афзуд Барно Саидвализода.

Ин мансабдор илова кард, ки 392 падари дигар барои “саривақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон” аз ҷониби суд дар кофтуков қарор доранд.

Барно Саидвализода гуфт, дар шашмоҳаи гузашта аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷро зиёда аз 19 миллиону 900 ҳазор сомонӣ маблағи алимент ситонида шудааст.

Бояд гуфт, ки мушкили саркаши аз пардохти алимент нав набуда, солҳои қабл низ мақомот ҷой доштани онро зикр мекарданд. Солҳои охир манъи хуруҷи нафарони саркаш аз пардохти алиментро ҳамчун яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала муаррифӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.