Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ришваситонии омӯзгоронро рад кард

Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ҳолатҳои даст ба ришваситонӣ задани муаллимони ин муассисаро комилан рад кард, вале мақомот дастикам аз 3 ҳолати боздошти омӯзгорон бо ҷурми ришвахӯрӣ иттилоъ медиҳанд. Дар нишасти матбуотии ДДХ вақте рӯзноманигорон дар мавриди ришваситонии омӯзгорони ин даргоҳ пурсон шуданд, ректори донишгоҳ гуфт, “давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ягон устоди […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ҳолатҳои даст ба ришваситонӣ задани муаллимони ин муассисаро комилан рад кард, вале мақомот дастикам аз 3 ҳолати боздошти омӯзгорон бо ҷурми ришвахӯрӣ иттилоъ медиҳанд.

Дар нишасти матбуотии ДДХ вақте рӯзноманигорон дар мавриди ришваситонии омӯзгорони ин даргоҳ пурсон шуданд, ректори донишгоҳ гуфт, “давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ягон устоди донишгоҳи мо даст ба коррупсия назадааст”.

Вақте рӯзноманигорон хабарҳои нашркардаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро оид ба боздошти устодони ДДХ зикр карданд, Усмонзода гуфт, “то замоне ҷиноят аз ҷониби мақомоти қудратӣ расман тасдиқ нашавад ҷиноят маҳсуб намеёбад”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи охир дастикам 3 ҳолати ришваситонии устодон ва ҳатто декани ДДХ аз ҷониби масъулини РВКД дар вилояти Суғд ошкор ва тариқи  барномаи “Милитсия хабар медиҳад” расонаӣ карда шудааст.

Аз ҷумла, 21-уми май дафтари матбуоти РВКД дар вилояти Суғд бо нашри як гузориши видеоӣ аз ҳолати даст ба ришва задани декан ва муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ хабар дода буд.

Гуфта мешуд, ки Иброҳим Ҷабборзода, декан ва Нуралӣ Шукуров, муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи ДДХ бо гумони гирифтани пора боздошт шудаанд.

Онҳо аз як донишҷӯйи соли сеюми ихтисоси таърих, ки шаҳрванди хориҷӣ будааст, пора талаб карда буданд.

“Дар пайи шикояти донишҷӯ рӯзи 2-юми май прокуратура ва раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд муовини декани факултаро ҳангоми гирифтани 1500 сомонӣ боздошт кардаанд”,- омада буд дар гузориш.

Нисбати ҳарду бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ, яъне гирифтани “ришва” парванда боз шуда, тақдири минбаъдаашон ҳоло расонаӣ нагардидааст.

Пас аз як моҳи ин гузориш, ВКД боз аз боздошти Алиҷон Набиҷонов, муаллими факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд иттилоъ дода, гуфта буд, ӯ ба далели гирифтани 8 ҳазор сомонӣ пора айбдор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.