Додситонии кул замини ҳамаи мактабҳои кишварро месанҷад

Баъди ғасби замини мактабҳо дар шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Деваштичу Спитамен Додситонии кул тасмим гирифтааст, ки заминҳои ҳамаи мактабҳои кишварро санҷад. Дар ин бора 8-уми август Ҷаҳонгир Салимзода, роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ҷаҳонгир Салимзода гуфт, “айни замон аз ҷониби Додситонии кул замини мактабҳо […]

Баъди ғасби замини мактабҳо дар шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Деваштичу Спитамен Додситонии кул тасмим гирифтааст, ки заминҳои ҳамаи мактабҳои кишварро санҷад. Дар ин бора 8-уми август Ҷаҳонгир Салимзода, роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ҷаҳонгир Салимзода гуфт, “айни замон аз ҷониби Додситонии кул замини мактабҳо санҷида шуда истодааст, ки оё ҳама заминҳое, ки ба мактабҳо ҷудо шудаанд, ҳоло дар назди мактабҳо ҳастанд ва ё ягон миқдор ё куллан ғасб шудаанд”.

Ӯ гуфт, ки баъди дастрас шудани натиҷаи санҷиш маълумоти бештар ироа хоҳад шуд, аммо нагуфт, ки кай хулосаи санҷиш ниҳоӣ мешавад.

Қаблан Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ аз ғасби ғайриқонунии 21,7 гектар замини мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон хабар дода буд.

Ба гуфтаи вазир, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 174 мавриди қонунвайронкуниҳои марбут ба ғасби худсаронаи замини мактабҳоро сабт кардаанд.

Вазир таъкид мекард, ки ин қитъаҳои замин ба мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар баргардонида шуда, ҷиҳати рафъи ин вазъ корҳои дахлдор идома доранд.

Пештар аз ин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоташ бо фаъолони вилояти Хатлон аз Раҷабалӣ Давлатзода,  директори Филиали "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар Хатлон интиқод карда, гуфта буд, ки ӯ 1 гектар замини мактабро “ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхтааст”.

Дар пайи ин Додситонии ноҳияи Кӯшониён нисбати Раҷабалӣ Давлатзода, бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, ғайриқонуни тақсим кардани  замин, сохтакорӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.