Манипулятсия чист ва чӣ ҳадафҳо дорад?

Имрӯз ҳама одамон мехоҳанд, ки ба аудиторияи мавриди назари худ таъсир расонанд ё ба истилоҳ “фармонравоӣ” кунанд. Ба аудиторияе, ки аз дасткорӣ ё “манипулятсия” огоҳ нестанд ин кор ба осонӣ даст медиҳад, вале ба афроди огоҳ ин усул ба кор намеравад. Дасткорӣ ё манипулятсия чист? Истилоҳи “манипулятсия” аз калимаи франсавии “manipulation” ва калимаи лотинии “manipulus” […]

Asia-Plus

Имрӯз ҳама одамон мехоҳанд, ки ба аудиторияи мавриди назари худ таъсир расонанд ё ба истилоҳ “фармонравоӣ” кунанд. Ба аудиторияе, ки аз дасткорӣ ё “манипулятсия” огоҳ нестанд ин кор ба осонӣ даст медиҳад, вале ба афроди огоҳ ин усул ба кор намеравад.

Дасткорӣ ё манипулятсия чист?

Истилоҳи “манипулятсия” аз калимаи франсавии “manipulation” ва калимаи лотинии “manipulus” – “manus” – даст, пайдо шудааст. Ин калима дар забони тоҷикӣ ҳамчун дасткорӣ тарҷума шудааст.

Агар истилоҳро кӯтоҳ шарҳ бидиҳем – фиребу фиребкорӣ аст. Ба таври мушаххас бигӯем, вақте шахс назару хоҳишҳои шахси дигарро ба таври комил ва самимона ҳамчун назару хоҳиши шахсии худ қабул мекунад, аммо дар асл ин назару хоҳишҳо хилофи арзишҳои шахсии ӯ мебошанд. Ба шахс чунин менамояд, ки ин маҳз хоҳишу интихоби ӯст. Ба ибораи дигар, манипулятор мекӯшад, ки шахси дигарро ҳамчун воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои худ ё ба даст овардани фоида истифода барад.

Аз дасткорӣ гуруҳи шахсони касбу кори алоҳида истифода мебаранд. Бештар усули мазкурро сиёсатмадорон ва тарғибгарони молу маҳсулот истифода мекунанд. 

Яке аз истифодабарандагони усулҳои маъмули дасткорӣ тарғибгарон мебошанд. Онҳо дар тарғиботҳои худ аз шахсиятҳои дар ҷомеа ҷойгоҳдошта ва ситораҳои маъруфи санъат дар роликҳои тарғиботии худ истифода мебаранд. Бо истифода аз усули мазкур молҳои худро ба фурӯш мегузоранд ва фоидаи зиёд ба даст меоранд. Ситораҳо ва шахсиятҳои маъруф, гарчанде аз ин маҳсулотҳо боре ҳам истифода намебаранд, вале ба хотири ба даст овардани фоида ба пайравон ва мухлисони худ тавсия медиҳанд, ки аз молҳои мазкур истифода баранд, чун онҳо ба саломатии онҳо фоидаовар мебошад.

Шояд пурсиданиед, ки хадафҳои манипулятсия кадомхоянд?

Нафароне, ки аз манипулятсия истифода мекунанд, мехоҳанд ба ҳадафҳои зерин ноил шаванд:

– афзудани клишеҳо (қолабҳо)-и сиёсӣ/иҷтимоӣ/ психоло¬гӣ;

– идеалсозии ҳодиса ё падидаҳои фардӣ-алоҳида;

– ташаккул додани муносибатҳои вафодорӣ ба гуруҳҳои алоҳидаи муассир/ шахсон ва дар оянда ташаккул додани ойини шахспарастӣ;

– интишори пешакии симои «созмонёфта ва моделсозишу¬да» – и шахсони алоҳида, созмонҳо,идеяҳо ва барномаҳо;

– заъиф гардонидани рақибон, ҳодисаҳо ва падидаҳо;

– таҳрифи далелҳои воқеӣ бо мақсади ҷойгузин намуда¬ни нуқтаи назари зарурӣ, стериотипи ақидаҳо ва қолабҳои рафтории табақаҳои васеи аҳол;

– паҳн намудани овозаҳо, боло бурдани ташаннуҷ, ҳолоти ваҳмангез ва тарс.

Бояд қайд кард, ки таъсиррасонии дасткорӣ (манипулятивӣ) кори пӯшида аст. Таъсиррасонҳо чун қоида хеле зиёд кӯшиш мекунанд, ки объекти таҳти таъсир аз кори онҳо огоҳ нашавад. Агар объекти таҳти таъсир бовар кунанд, ки ҳама чиз дар доираи қонун ва табиӣ рух медиҳад, ин аз муваффақ шудани дасткорӣ огоҳӣ медиҳад.

Барои гирифтор нашудан ба чунин холатхо доимо саводнокии расонаии худро такмил бидихед ва аз навгонихои он  Бохабар бошед!

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.