Эмомалӣ Раҳмон ба оилаи захмиёну фавтидагони фоҷеаи Кӯлоб кӯмакпулӣ додааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои захмиёну фавтидагони садамаи фоҷеабори шаҳри Кӯлоб кӯмакпулӣ равон кардааст. Дар ин бора Орзу Ҳамидиён, муовини шаҳрдори Кӯлоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, Эмомалӣ Раҳмон ба 9 нафаре, ки дар пайи садамаи мошини боркаши “Дулан” воситаҳои нақлиёташон хароб гардид, мошинҳои ҳамсони нав ҳадя кардааст. “Ба замми ин, аз […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба хонаводаҳои захмиёну фавтидагони садамаи фоҷеабори шаҳри Кӯлоб кӯмакпулӣ равон кардааст. Дар ин бора Орзу Ҳамидиён, муовини шаҳрдори Кӯлоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, Эмомалӣ Раҳмон ба 9 нафаре, ки дар пайи садамаи мошини боркаши “Дулан” воситаҳои нақлиёташон хароб гардид, мошинҳои ҳамсони нав ҳадя кардааст.

“Ба замми ин, аз ҷониби раисиҷумҳур ба оилаи 11 нафар фавтидагон 20 ҳазор сомонӣ ва ба оилаи 12 нафари дигар захмиён 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Орзу Ҳамидиён афзуд, ки инчунин ба оилаи ҳама 23 нафар захмиёну фавтидагон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока супорида шуд.

Гуфта мешавад, дар пайи ин фоҷеаи шаҳри Кӯлоб бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз буҷаи ҳукумати ҷумҳурӣ 100 ҳазор сомонӣ ва аз буҷаи ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб маҷмаан 185 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида ва ин ҳама кӯмакҳо аз ҳисоби ин маблағ расонида шудааст.

Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ба назди зарардидагони садамаи нақлиётии Кӯлоб рафта, ба онҳо кӯмакҳои пулӣ дода буданд.

Дар ин баробар, ҳукумати шаҳри Кӯлоб ваъда додааст, ки ба соҳибони се хонае, ки дар пайи садамаи нақлиётии мошини боркаши “Дулан” хароб шуданд, хонаҳои нав бунёд карда медиҳад.

Гуфтан ба манрид аст, ки дирӯз, 8-уми авгуфт, аз КҲФ-и Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳоло барои бунёди се хонаи дар пайи ин ҳодисаи нақлиётӣ харобгардида дар шаҳри Кӯлоб заминҳои мувофиқ ҷудо шудаааст.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи садамаи нақлиётии мошини боркаши “Дулан”, ки шоми 6-уми август дар назди бозори “Сомониён”-и шаҳри Кӯлоб рух дод, 11 нафар ҷон бохта, 7 мошин аз кор баромада ва 3 хона валангор шудаанд. Гузориши муфассали моро дар ин ҷо бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.