Кликбейт чист ва чӣ нишонаҳо дорад?

Дар интернет мо бо маводҳое дучор меоем, ки бо сарлавҳаҳои дурахшон, ҷаззобу  риққатовар ва суратҳои ҷолиб моро «маҷбур мекунанд» ба сомонаю саҳифаҳои гуногун ворид шавем. Инро «Кликбейт» мегӯянд. Ҳадафҳои кликбейт Ҳадафи кликбейт ба даст овардани даромад аз онлайн – реклама буда, сифат ва саҳеҳияти иттилоот ба назар гирифта намешавад. Дар баъзе ҳолатҳо даромад ҳадафи асосӣ […]

Asia-Plus

Дар интернет мо бо маводҳое дучор меоем, ки бо сарлавҳаҳои дурахшон, ҷаззобу  риққатовар ва суратҳои ҷолиб моро «маҷбур мекунанд» ба сомонаю саҳифаҳои гуногун ворид шавем. Инро «Кликбейт» мегӯянд.

Ҳадафҳои кликбейт

Ҳадафи кликбейт ба даст овардани даромад аз онлайн – реклама буда, сифат ва саҳеҳияти иттилоот ба назар гирифта намешавад.

Дар баъзе ҳолатҳо даромад ҳадафи асосӣ набуда, кликбейт ҳамчун воситаи осони зиёд кардани шумораи хонандагони сомона ва ё ташвиқу паҳнкунии маводи алоҳида дар интернет, алахусус шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода мешавад.

Кликбейт инчунин метавонад ҳамчун воситаи паҳн кардани нармафзорҳои зараровар хидмат кунад.

Аломатҳои тавсифии кликбейт:

– сарлавҳаи ҳавасмандкунанда, аммо моҳияти иттилоот номаълум;

– ибораҳои намоишӣ (“ана ин”, “ин” “инҳо”) барои эҷоди ҳисси муколама бо хонанда;

– бо хонанда ба "ту" муроҷиат карда мешавад;

– истифода аз қолабҳое, ки хонандаро водор ба хондан ё клик ба сомона мекунад – "Шумо бовар намекунед!", "Шумо ҳеҷ гоҳ нафаҳмидаед …" ва ғайра;

– истифодаи ғайримақсадноки нуқтаҳо, аломатҳои савол ва хитоб;

– фаровонии тавсифҳои иғроқӣ;

– дар сарлавҳа ҷой додани воҳидҳои фразеологӣ, ибораҳо аз нутқи ҳамарӯза ё кӯчагӣ;

– ҷумлаҳои ноқис, ки одатан эҳсоси тааҷуб ё лаззатро медиҳанд;

– истифодаи расмҳои ҷолиб ё ҳайратангезу шоккунанда;

– маълумотномаҳои бардурӯғ оид ба марг ё мусибате, ки гӯё бо шахси маъруф рух додаанд;

– ваъдаи фоида: пулҳои осон, молҳои бепул ё ғайриоддӣ, пасандозҳои калон;

– ваъдаи ифшои сирри махфӣ, ки донистани он манфиати муайяне медиҳад…

Барои ба доми кликбейт наафтодан ин маслиҳатҳоро иҷро кунед:

1) сарлавҳаҳо ва тавсифҳоро бодиққат хонед, баҳо диҳед, ки мундариҷа ба интизориҳо мувофиқат мекунад ё на.

2) Сарлавҳаҳои ҳассос ва ваъдаи даромади осонро нодида гиред.

3) Манбаи иттилоотро санҷед.

4) Ба суроғаи сомона ва домен диққат диҳед.

5) Аз ақли солим истифода баред ва ба итилооти шубҳаовар назари интиқодӣ дошта бошед.

Бохабар бошед ва ба доми кликбейт наафтед!

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.