Боз як амалиёти наҷоти кӯнавардон дар кӯҳҳои Помир

Имдодгарони Тоҷикистон рӯзи 18 август дар кӯҳҳои қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз як амалиёти наҷотдиҳӣ гузарониданд. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ҳангоми аз қуллаи “Озодӣ” (то соли 2020 – қуллаи Корженевской, 7105 метр) поин фаромадани кӯҳнавардони Русия, яке аз онҳо – Олег Персикови 38-сола ба ҷарии 300-метра афтодааст. “Дар натиҷа қабурғаҳои […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Имдодгарони Тоҷикистон рӯзи 18 август дар кӯҳҳои қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз як амалиёти наҷотдиҳӣ гузарониданд.

Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар доданд, ки ҳангоми аз қуллаи “Озодӣ” (то соли 2020 – қуллаи Корженевской, 7105 метр) поин фаромадани кӯҳнавардони Русия, яке аз онҳо – Олег Персикови 38-сола ба ҷарии 300-метра афтодааст.

“Дар натиҷа қабурғаҳои ӯ шикаста, инчунин ангуштонашро ях зада буд. Кӯҳнавардон ба ӯ ёрии аввалияи тиббӣ расонида, то пойгоҳи Москвин овардаанд ва аз ҳодисаи нохуш хабар доданд”, – зикр кардаанд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 19 август чархболи ширкати “Сомон Эйр” барои ёрӣ фиристода шуда, ҳамаи онҳо ба маркази тиббии “Истиқлол” интиқол дода шуданд ва кумаки зарурии тиббӣ гирифтанд”, – хабар доданд дар КҲФ.

“Ба 3 нафар кӯҳнаварди дигар низ кумак лозим буд. Вера Калистратова аломатҳоии бемории илтиҳоби шуш (пневмония) дошта, Роман Шалин ва Вячеслав Разумов аз баландӣ азият мекашиданд. Ба онҳо низ дар маркази тиббии “Истиқлол” ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд”, – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон вазъи солимии кӯҳнавардон муътадил арзёбӣ шуда, онҳо зери муоинаи мутахассисон қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки ҳафтаи гузашта низ имдодгарони тоҷик ба яке аз гурӯҳи 6 нафараи кӯҳнавардон – шаҳрвандони Литва Томас Прапуолениси 50-сола, ки ҳангоми ба кӯҳи Фон баромадан дар мавзеи Кӯли Ало дар қаламрави шаҳри Панҷакент ҷароҳат бардошта, пояш шикаста буд, ёрӣ расониданд.

Аз ин пеш ҳам имдодгарони КҲФ дар мавриди наҷоти 2 сайёҳ аз Британия ва 1 нафар аз Беларус дар ВМКБ ду амалиёт гузаронида буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.