Олмон ба Тоҷикистон барои бунёди мактабҳо 14 млн евро грант медиҳад

Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KFW) шартнома ба имзо расид, ки дар доираи он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Шартномаи зикршударо рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори минтақавии KFW  дар Осиёи Марказӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KFW) шартнома ба имзо расид, ки дар доираи он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шартномаи зикршударо рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва директори минтақавии KFW  дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер имзо карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

“Дар доираи Шартномаи мазкур 13,97 млн. евро грант барои татбиқи лоиҳаи “Дастгирии пешбурди таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастрасӣ ба иншооти обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ дар ноҳияҳои дурдаст” барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд, инчунин дар шаҳри Душанбе ҷудо мегардад”, – омадааст дар хабар.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки аз аввали марҳилаи лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Олмон дар маҷмӯъ 44,1 млн евро грант ҷалб гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳа қисмате аз маблағҳои лоиҳа ба пойтахти ҷумҳурӣ дода мешавад, дар ҳоле, ки он пеш аз ҳама, барои рушди “ноҳияҳои дурдаст” пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.