Аҳолии Душанбе аз беобӣ шикоят мекунанд, мақомот аз фишори пасти он ҳушдор доданд

Масъулини “Обу корези Душанбе” мегӯянд, бо боридани боронҳои шадиди дирӯза дар шаҳри Душанбе фишори об паст шудааст, аммо сокинон шикоят доранд, ки дар хонаҳояшон тамоман оби нӯшокӣ надоранд. КВД “Обу корези Душанбе” бо нашри як иттилоия аҳолии пойтахтро аз паст шудани фишори об дар пайи боронгариҳои шаби гузашта  ва лойоба шудани канали Варзоб огоҳ кард. […]

Масъулини “Обу корези Душанбе” мегӯянд, бо боридани боронҳои шадиди дирӯза дар шаҳри Душанбе фишори об паст шудааст, аммо сокинон шикоят доранд, ки дар хонаҳояшон тамоман оби нӯшокӣ надоранд.

КВД “Обу корези Душанбе” бо нашри як иттилоия аҳолии пойтахтро аз паст шудани фишори об дар пайи боронгариҳои шаби гузашта  ва лойоба шудани канали Варзоб огоҳ кард.

Ин ниҳод афзуд, бо ин сабаб дар шаҳракҳои 82, 101, 102, 112, 83, 84, 103,104 ва маҳаллаҳои Авул, Қазоқон, Зафар, Меҳробод Зарафшони ноҳияи  Сино то дарвозаи Ҳисор фишори об паст шудааст.

“Инчунин, дар кӯчаҳои Шураксой, Чашмасор, Рӯдакӣ аз 160 то 190, Пролетар, Гулдаст, Плеханов, Охунбобоев, Ҳ. Ҳакимзода, П. Толис, қисмати поён- Рӯдакӣ аз 140 то 158 Телман, Амиршоев, Заҳматобод, Сурхоб, Анзоби ноҳияи Сомонӣ, кӯчаҳои Акрамов, Ҳусейнзода, Нисор Муҳаммад, Чехова, кӯчаи Айнӣ аз 3 то 171 кӯчаҳои Репина, Адҳамов, Беҳзод, Аҳмади Дониш, Лоҳутӣ, хиёбони Мирзо Турсунзода, Малика Собирова ва маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2, Дӯстии халқҳо то гардиши кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур фишори об паст мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Обу корези Душанбе менависад, ки ҳолати мазкур ба хотири чораандешӣ ҷиҳати коркарду безараргардонии об андешида шудааст.

“Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш менамоем ба таҳлука наафтанд ва вазъро дуруст дарк намоянд”, – афзудааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, сокинони пойтахт шикоят мекунанд, ки дар бархе маҳаллаҳои шаҳр аз дишаб инҷониб тамоман об нест.

Як сокини пойтахт бо нигаронӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода зиндагӣ мекунад ва айни замон дар хонааш тамоман об надорад.

“Дирӯз фишори об хеле паст шуда буд, вале аз субҳ инҷониб об тамоман қоқ шуд. Аллакай, чанд соат мешавад, ки мо об надорем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Давлатмурод Каримов, як сокини дигари пойтахт аз набудани об дар хонааш нигаронӣ карда, дар Фейсбук навиштааст, ки ба ҷустуҷӯи об баромадааст.

“Мисли ман аксари ҳамсояҳо низ дар хонаҳояшон оби захира надоранд. Зарфҳои плостикӣ дар даст ба ҷустуҷӯи об баромадам. Давру бари маҳалла ва ҳамсоямаҳаллаҳоро гаштам. Кӯшишам бенатиҷа анҷомид”, – афзудааст ӯ.

Ба мисли Давлатмурод даҳҳо нафари дигар сокинони пойтахт аз набудани об дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ кардаанд.

Саодат, як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи хабари “Обу корези Душанбе” аз дишаб инҷониб набудани об дар хонааш шикоят карда, кай бартараф шудани ин мушкилро пурсидааст.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 27-уми август, дар аксар манотиқи Тоҷикистон боронҳои шадид борид, ки дар натиҷа хисороти моливу ҷонӣ дар пай дошт.

Ба иттилои хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар натиҷаи боридани борони зиёд ва омадани сел дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Эмомалӣ Раҳмон, сарвари давлат субҳи имрӯз ба оилаҳои ҷонбохтагон ҳамдардӣ баён кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.