Аз Абдуғаффору Моҳрухсор то Моҳпайкару Нигина. Киҳо унвони “халқӣ” ва “шоиста” гирифтанд?

Дирӯз, 30-юми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба беш аз 200 чеҳраи илму адабу фарҳангу санъат, кормандони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ дод. Маълум кардем, ки киҳо ба унвонҳои халқӣ ва корманду ҳунарпешаи шоиста сазовор дониста шуданд. Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Абдуғаффор Абдуҷаббор – Нависандаи халқии Тоҷикистон гирифтанд. Имсол, танҳо […]

Asia-Plus

Дирӯз, 30-юми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба беш аз 200 чеҳраи илму адабу фарҳангу санъат, кормандони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ дод. Маълум кардем, ки киҳо ба унвонҳои халқӣ ва корманду ҳунарпешаи шоиста сазовор дониста шуданд.

Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Абдуғаффор Абдуҷаббор – Нависандаи халқии Тоҷикистон гирифтанд.

Имсол, танҳо як нафар унвони Ҳофизи халқии Тоҷикистонро гирифт: Убайдулло Каромат.

Ҳамчунин, Моҳрухсор Сафиева, овозхони тоҷик ва Баҳром Қодиров, навозандаи тоҷик унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро соҳиб гардидаанд.

Улмас Мирсаидов, ягона олими тоҷик унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Имсол, шумораи гирандагони ҳунарпеша ва ҳунарманди шоиста аз ҳисоби овозхон ва ҳунарпешаҳои ҷавон зиёдтар буд. Моҳпайкар Ёрова ва Мирзоумари Мирзоаҳмад, ҳунарпешаҳои шинотаи театру синамои тоҷик аз ҷумлаи оҳо буданд.

Ҳамчунин, аз овозхонони ҷавон, Нигина Амонқулова, Гуласал Пӯлодова, Дилноза Каримова, Фахриддини Малик, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Фотима Машрабова, Таҳмина Ниёзова, Гулбаҳор Шокирова, Хуршед Иброҳимзода, Сироҷиддин Ҷӯраев, Акназар Аловатов, Ҷобиршо Хубоншоев ба унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Дар маҷмуъ, 19 нафар унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро гирифтанд.

Ба кормандони касбу кори гуногун, дар маҷмуъ ба 20 нафар унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон тақдим шуд.

Аз ҷумла, Маҷид Салим, шоир ва рӯзноманигор, Дилафрӯз Амирзода, роҳбари телевизони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Субҳиддин Шамсиддинзода, роҳбари АМИТ “Ховар”, Шамсуддинзода Садриддин, роҳбари Телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Набӣ Набизода, роҳбари телевизиони “Синамо” ба унвони Корманди шоиста мушарраф гирдаданд.

Ғайр аз ин, 2 нафар бо орденҳои “Спитамен” дараҷаҳои I ва II, 7 нафар – бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 25 нафар – бо медали “Ҷасорат”, 105 нафар – бо медали “Хизмати шоиста”, 7 нафар – бо медали “Шафқат” ва 11 нафар – бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин 12 нафар барандагони ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2023 гардиданд. Ба 15 нафар ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 тақдим шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.