САҲА ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ 14 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ дод

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чанде пеш ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ маводи сӯзишворӣ ҳадя кард. Тавре ки дар саҳифаи дафтари САҲА дар Facebook хабар дода мешавад, ин мавод аз  9800 литр сӯзишвории дизелӣ ва 4500 литр маҳсулоти нафтӣ иборат аст. “Маводи ҳадяшуда барои пур кардани воситаҳои нақлиётӣ […]

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чанде пеш ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ маводи сӯзишворӣ ҳадя кард.

Тавре ки дар саҳифаи дафтари САҲА дар Facebook хабар дода мешавад, ин мавод аз  9800 литр сӯзишвории дизелӣ ва 4500 литр маҳсулоти нафтӣ иборат аст.

“Маводи ҳадяшуда барои пур кардани воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизоти Кумита, ки барои муҳофизат ва кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои бехатар ҳангоми офатҳои табиӣ ба кор бурда мешаванд, истифода мешавад”, – омадааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел дар ноҳияҳои осебдида то ҳол идома доранд.

Бино ба маълумоти КҲФ, 4,5 км роҳҳои байни деҳаҳо  ва биноҳои ёрирасон аз лойқаву рег тоза ва кори хатҳои интиқоли барқ пурра барқарор карда шудааст.

Қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб дар деҳаи Ғусғарф аз оқибатҳои сел тоза карда шуда, дар қаламрави деҳаи Гулбоғ-2 корҳои тозакунии селпартоҳо аз лойқаву гил идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти зиёди рӯзҳои 27-28 август дар қаламрави Тоҷикистон 21 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.