Замону макони нишасти Маскав оид ба Афғонистон маълум шуд

Нишасти панҷуми “формати Маскав” оид ба Афғонистон рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешавад. Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия ба “РИА Новости” иттилоъ додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҷаласаи навбатии формати машваратии Маскав оид ба Афғонистон бо иштироки “бозигарони калидии манфиатдори минтақавӣ” баргузор мешавад. “Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Нишасти панҷуми “формати Маскав” оид ба Афғонистон рӯзи 29-уми сентябр дар шаҳри Қазони Русия баргузор мешавад. Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Русия ба “РИА Новости” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷаласаи навбатии формати машваратии Маскав оид ба Афғонистон бо иштироки “бозигарони калидии манфиатдори минтақавӣ” баргузор мешавад.

“Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон, масъалаҳои мусолиҳаи байни афғонистониҳо, таъмини амнияти минтақавӣ ва барқарорсозии баъдиҷангии кишвар дар назар гирифта шудааст. Дар поёни чорабинӣ изҳороти муштараки ҷонибҳо қабул карда мешавад”, – гуфтааст Захарова.

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар Афғонистон ҳам рӯзи баргузории нишасти Маскавро ба хабаргузории ТАСС тасдиқ карда, гуфтааст, ки яке аз мақсадҳои асосии он таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст.

“Русия то ҳол дар масъалаи фарогир будани ҳукумати Толибон* пешрафтро мушоҳида накардааст”, – гуфтааст Замир Кобулов.

Кобулов афзудааст, дар ин нишаст ҳамчунин масоили мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои мухаддирот низ баррасӣ мешавад.

Ба гуфтаи Кобулов, намояндагони Толибон дар нишасти дарпешбудаи Маскав ширкат мекунанд ва ҳузури худро тасдиқ кардаанд.

Маълум нест, ки дар ин нишаст Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ иштирок мекунад ё не. Ҷабҳа дар ин хусус чизе нагуфтааст.

Аммо худи Аҳмад Масъуд рӯзи 28-уми август дар Думаи давлатии Русия бо Сергей Миронов, раиси Ҳизби “Русияи боадолат – Барои Ҳақиқат” (Справедливая Россия) мулоқот кард.

Миронов он вақт хабар дода буд, ки “тирамоҳи соли ҷорӣ дар Думаи давлатӣ бо ширкати Аҳмад Масъуд мизи мудаввар ташкил шуда, ба баррасии мушкилоти Афғонистон равона мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, ки дар нишасти Маскав намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳам ширкат кунанд.

Бояд гуфт, ки нишасти Маскав дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.

Бори охир моҳи ноябри соли 2022 нишасти чоруми Маскав баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон ба он даъват нашуда буданд.

Ҳоло гуфта мешавад, ки Толибон дар маҷмӯъ аз нишасти “Маскав” хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамаркузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.

Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро ғасб карда, ҳукумати ин кишварро ба даст гирифтанд ва ду сол мешавад, ки ҳукмронӣ доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Толибон ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳо ва гурӯҳҳои сиёсии Афғонистонро талаб дорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.