Омӯзиш барои эҷоди филмҳои мустанад: Eurasiadoc Central Asia 2023

Омӯзиши Eurasiadoc барои муаллифон — коргардонҳои Қазокистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки филмҳои хуҷҷатӣ-эҷодӣ таҳия мекунанд, пешбинӣ шудааст. Дар ин омӯзиш танҳо шаш нафар интихоб мегардад. Омӯзиш ройгон аст ва ба иштирокчиён хӯроки нисфирузӣ дода мешавад. Хароҷоти дигар – роҳкиро ва ҷои зистро иштирокчиён пардохт мекунанд. Дар Тоҷикистон чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад […]

Маводи шарикон

Омӯзиши Eurasiadoc барои муаллифон — коргардонҳои Қазокистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки филмҳои хуҷҷатӣ-эҷодӣ таҳия мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Дар ин омӯзиш танҳо шаш нафар интихоб мегардад. Омӯзиш ройгон аст ва ба иштирокчиён хӯроки нисфирузӣ дода мешавад. Хароҷоти дигар – роҳкиро ва ҷои зистро иштирокчиён пардохт мекунанд.

Дар Тоҷикистон чорабинии мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад (санаи оғози омӯзиш рӯзҳои наздик муайян хоҳад шуд).

Омӯзиш дар чанд марҳила ташкил карда мешавад: давраи муоширати онлайн байни муаллифони интихобшуда ва давраи корӣ, тақрибан дар давоми 2 ҳафта ва кори онлайнӣ бо кураторон барои дастгирии минбаъда.

Забони корӣ забони давлатии кишвар ё русӣ хоҳад буд. Кураторон бо забони фаронсавӣ ба воситаи тарҷумон кор хоҳанд кард. Шояд забони англисӣ ва забони русӣ низ ҳамчун забони корӣ истифода бурда шаванд. Донистани забони англисӣ ба хотири ҳамкорӣ дар соҳаи филмсозӣ ва вохӯриҳои баёналмиллалӣ дар оянда талаб карда мешавад.

Мақсад аз баргузории омӯзиш ин дастгирии муаллифон дар таҳияи лоиҳаи филмҳо мебошад, ки дар натиҷа онҳо соҳиби маҳорат ва малакаи навиштани як ҳуҷҷат мешаванд.

Пас аз анҷоми омӯзиш чанд нафар бо мақсади даъват ба вохуриҳои байналмиллалӣ дар соҳаи истеҳсоли муштараки филмҳо, ки соли 2024 дар Казоқистон баргузор мегардад, даъват мешаванд. Мулоқотҳои байналмилалӣ ба эҷодкорони интихобшуда ҷиҳати муаррифии шифоҳии лоиҳаи худ, шиносоӣ бо коргардонҳои сершумор, муҳаррирони комиссияҳои телевизионӣ ва намояндагони фондҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупоӣ ва истеҳмолу маблағгузории якҷояи лоиҳа имконият фароҳам меорад.

Барои пешниҳоди номзадии худ варқаи замимашударо бо забони англисӣ ё фаронсавӣ пур кунед ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои дархостшударо замима намоед.

Агар барои пешниҳоди номзадӣ мушкилии техникӣ пайдо шавад ба почтаи зерин метавонед муроҷиат намоед: [email protected]

Меъёри асосии интихоб сифати лоиҳаи филм, имкони таҳияи он чун филми мустанади эҷодӣ мебошад.

Муҳлати пешниҳоди номзадӣ то 5-уми ноябри 2023.

Барои ҳамаи саволҳо метавонед инҷо муроҷиат кунед: [email protected]

Линк барои сабти ном: https://docs.google.com/…/1FAIpQLScv8S5x98TzDN…/viewform

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.