Марат Хуснулин аз таваҷҷуҳи тиҷорати Русия ба иқтисоди Тоҷикистон изҳори назар кард

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар маросими ифтитоҳи форуми байнулмилалии сармоягузории “Душанбе-2023” муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин изҳор дошт, ки ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ рушд мекунад. “Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 лоиҳаи муштарак бо маблағи умумии зиёда аз 100 млрд рубл амалӣ мешавад”, – овардааст гуфтаҳои Хуснулинро хадамоти матбуоти ҳукумати […]

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар маросими ифтитоҳи форуми байнулмилалии сармоягузории “Душанбе-2023” муовини сарвазири Русия Марат Хуснулин изҳор дошт, ки ҳамкории мутақобилаи Русия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ рушд мекунад.

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 лоиҳаи муштарак бо маблағи умумии зиёда аз 100 млрд рубл амалӣ мешавад”, – овардааст гуфтаҳои Хуснулинро хадамоти матбуоти ҳукумати Русия.

Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия, дар гардиши молу маҳсулоти Тоҷикитсон Русия зинаи аввалро ишғол намуда, “мо ба тавсеъаи минбаъдаи ҳамкориҳо идома медиҳем”.

Ӯ таъкид дошт, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол байни Русия ва Тоҷикистон 18% – то 1,43 млрд доллар афзуд.

“Мо фаъолона ба Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунем: имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 130 млрд рубл сармоягузории андӯхта мутамарказ шудааст”, – гуфт ӯ.

Хуснулин илова кард, ки Русия ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон манфиатдор буда, форуми сармоягузорӣ дар муҳити тиҷоратии Русия таваҷҷуҳи зиёд ба бор овард.

Ба иттилои портали ҳукумати Русия, ба ҳайати Русия, ки Хуснулинро дар Душанбе ҳамроҳӣ мекард, 150 нафар намояндагони тиҷорат ва мақомоти иҷроияи ҳокимият шомил буданд.

Дар форум як қатор созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд.

Марат Хуснулин зимни сафари корӣ ба Тоҷикитсон бо сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, сарвазири Озарбойҷон Алӣ Асадов, инчунин раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.