Иштироки 9 ҷудокори навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон дар Португалия

Чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон рӯзи 4 октябр дар Португалия оғоз мегардад. Тавре ки Федератсияи миллии ҷудо хабар медиҳад, мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд: Фазлиддин Садриддинзода (-66 кг); Абӯбакр Шеров (-73 кг); Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг); Муҳамадҷон Абдуҷалилов (-81 кг); Сайфидин Сайфидинзода (-81 кг); Сомон Кишваров (-90 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Чемпионати навбатии ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон рӯзи 4 октябр дар Португалия оғоз мегардад.

Тавре ки Федератсияи миллии ҷудо хабар медиҳад, мунтахаби Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд:

Фазлиддин Садриддинзода (-66 кг);

Абӯбакр Шеров (-73 кг);

Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг);

Муҳамадҷон Абдуҷалилов (-81 кг);

Сайфидин Сайфидинзода (-81 кг);

Сомон Кишваров (-90 кг);

Умедҷон Раҷабов (-90 кг);

Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг);

Иброҳимҷон Элмуродов (+100 кг).

Гуфта мешавад, чемпионат аз 4 то 7 октябр дар шаҳри Одивелаши Португалия баргузор мешавад.

Дар таърихи чемпионатҳои ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасон Тоҷикистон ба дарёфти ду медали тилло ва ду биринҷӣ ноил гардидааст.

Соли 2017 дар Загреб Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 66 кг ва Темур Раҳимов дар вазни то 100 кг ба дарёфти медалҳои биринҷӣ шарафёб шуданд.

Соли 2019 дар Марокаш Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон унвони қаҳрамони ҷаҳонро ба даст овард.

Соли 2022 дар ҳамин дараҷаи вазн Нуралӣ Эмомалӣ комёбии Сомонро такрор карда, медали дуюми тиллоро барои дастаи Тоҷикистон соҳиб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.