Тақдими шаҳодатномаи ронандагӣ. Иҷрои нақшаи даъват ба артиш дар чанд навоҳии дигар

Дар рӯзи сеюми маъракаи даъват ба сафи артиш шаҳри Ваҳдат ва  ноҳияҳои Ёвону Данғара низ аз иҷрои нақшаи даъват хабар додаанд. Баъзеи онҳо ба наваскарон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим кардаанд  Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Ба навиштаи ин расона, ноҳияи Данғара дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъват нақшаро пурра иҷро кардааст. Чандин нафар аз […]

asia+, asia+

Дар рӯзи сеюми маъракаи даъват ба сафи артиш шаҳри Ваҳдат ва  ноҳияҳои Ёвону Данғара низ аз иҷрои нақшаи даъват хабар додаанд. Баъзеи онҳо ба наваскарон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим кардаанд

 Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Ба навиштаи ин расона, ноҳияи Данғара дар рӯзи аввали оғози маъракаи даъват нақшаро пурра иҷро кардааст. Чандин нафар аз ин ноҳия ба таври ихтиёрӣ сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шудаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат бошад, нақшаи  даъватро пурра иҷро гардида, наваскарон бо баргузории маъракаи “кулчагазон” ба хидмати ҳарбӣ фиристода шудаанд. Ҳамчунин, дар ин ноҳия ба чанд нафар наваскарон, ки даври ронандагиро хатм намуда, ба сафи кувваҳои мусаллаҳ ихтиёрӣ шомил шуда буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, шаҳру ноҳияҳои дигар низ аз чорабиниҳои гуногуни вобаста ба маъракаи даъват ба артиш хабар медиҳанд. Аммо маълум нест, ки дар умум, нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ чанд дарсад иҷро гардидааст. Мақомот то ҳол омори дақиқе ироа накардаанд.

Дирӯз, 2-юми октябри соли ҷорӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, навоҳии минтақаи Рашт, ноҳияи Фархор ва ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз иҷрои пурраи нақша хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон фармони даъвати ҳарбии тирамоҳиро 31-уми август имзо кард ва тибқи он, аз 1-уми октябр маъракаи даъват ба артиш оғоз гардида то 30-юми ноябр идома меёбад. Дар асоси он, дар маъракаи тирамоҳӣ ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ҳамасола бо оғози маъракаи даъват ба артиш шикояти сокинон аз манотиқи гуногуни кишвар оид ба ҳолатҳои бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш низ расонаӣ мешавад.

Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон хидмати ҳарбии пулакӣ низ ҷорӣ шудааст, ки қисме аз ҷавонон метавонан аз он истифода баранд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.