Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Қирғизистон таҳияи Стратегияи амнияти ғизоии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро зарур мешуморад. Дар ин бора имр
ӯ
з дар
ҷ
араёни нишасти навбатии Ш
ӯ
рои раҳбарони Ҳукуматхои кишварҳои узви Созмон дар Остона нахуствазири Қирғизистон – Игор Чудинов хабар дод.
«Бо дарназардошти камбуди озуқа дар
ҷ
ахон ва б
ӯ
ҳрони кунунии молияв
ӣ
, мо зарур мешуморем, ки ба р
ӯ
зномаи
ҷ
аласа, масоили марбут ба амнияти ғизо
ӣ
ворид карда шаванд, аз
ҷ
умла бояд Стратегияи амнияти озуқавории кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай таҳия ва татбиқ гардад», – гуфт Чудинов.
Ӯ
ҳамзамон таъкид кард, ки барои расидан ба мақсад, зарур аст, Ш
ӯ
рои доимоамалкунанда оид ба масоили кишоварзии мамолики азъо ташкил гардида, дар доираи он лоиҳаи Созишнома дар бораи бозори умумии аграрии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай омода ва баъдан тасвиб шавад.
Хотиррасон мекунем, ба Созмони Ҳамкории Шанхай кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, То
ҷ
икистон ва
Ӯ
збекистон шомиланд.