Ӯзбекистон аввалин маротиба як нафарро барои ҷанг бар зидди Украина зиндонӣ кард

Додгоҳе дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон сокини 38-солаи маҳаллиро барои хидмат дар артиши Ҷумҳурии худхондаи Донетск 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора centralasian.org иттилоъ медиҳад. Сокини ноҳияи Юқоричирчиқи Тошканд Илдар Хайрулин бар асоси банди “Зархаридӣ” айбдор дониста шудааст. Бино ба маводи парванда, Хайрулин солҳои 2014-2015 дар ҳудуди Украина дар “ҷангҳо бар зидди неруҳои мусаллаҳи […]

Asia-Plus

Додгоҳе дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон сокини 38-солаи маҳаллиро барои хидмат дар артиши Ҷумҳурии худхондаи Донетск 5 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Дар ин бора centralasian.org иттилоъ медиҳад.

Сокини ноҳияи Юқоричирчиқи Тошканд Илдар Хайрулин бар асоси банди “Зархаридӣ” айбдор дониста шудааст. Бино ба маводи парванда, Хайрулин солҳои 2014-2015 дар ҳудуди Украина дар “ҷангҳо бар зидди неруҳои мусаллаҳи он кишвар” иштирок кардааст.

Муфаттишон дар додгоҳ ҳамчун далел аксҳо аз саҳифаи “Миротворец”-ро дар Интернет пешниҳод кардаанд. Дар аксҳо дида мешавад, марде монанд ба сокини вилояти Тошканд дар даст силоҳ ва дар тан либоси низомӣ дорад. Наздикони маҳкумшуда гуфтаанд, дар аксҳои “Миротворец” воқеан ҳам Хайрулин аст ва ӯ бо силоҳ ва либоси низомӣ акс гирифтааст.

Сомонаи украинии “Миротворец” бо ифшои шахсияти зархаридоне маъруф аст, ки ба ҷонибдорӣ аз артиши Русия меҷанганд. Аммо маълумоти ин сомона расмӣ ҳисоб намешавад.

Дар ҳамин ҳол, пайвандони Илдар Хайрулин гуфтаанд, ки ӯ дар ҷангҳо зидди Украина иштирок накардааст. Аз ҷумла, Мадина Хайрулина даъво кардааст, ки писараш дар ин муддат ҳамроҳаш дар Ҷумҳурии Тотористон қарор дошт.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз оғози ҷанг дар Украина, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сокинони худ хостанд, ки дар амалиётҳои ҷангӣ аз ҳеҷ ҷониб иштирок накунанд.

Аммо ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна нафаре барои ҷанг алайҳи Украина ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.