Дар Тоҷикистон барои кӯдакон дар нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёзи нав ҷорӣ гардид. Ин чӣ имтиёз аст?

Дар Тоҷикистон ба қоидаҳои ҳамлу нақди мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ тағйирот ворид ва ба кӯдакон имтиёзҳои нав пешниҳод карда шуд. Дар ин бора Комрон Исмоилиён, вакили парлумоти кишвар ба “Asia-Plus” хабар дод. Тибқи қоидаҳои нав, акнун кӯдакони то 7-сола метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва берун аз шаҳрӣ ройгон ва бидуни хариди чипта истифода баранд. […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ба қоидаҳои ҳамлу нақди мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ тағйирот ворид ва ба кӯдакон имтиёзҳои нав пешниҳод карда шуд. Дар ин бора Комрон Исмоилиён, вакили парлумоти кишвар ба “Asia-Plus” хабар дод.

Тибқи қоидаҳои нав, акнун кӯдакони то 7-сола метавонанд аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ ва берун аз шаҳрӣ ройгон ва бидуни хариди чипта истифода баранд.

Пештар чунин имтиёз дар Тоҷикистон танҳо барои кӯдакони то 5-сола пешбинӣ шуда буд.

“Қоидаҳои нав баъди ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси нақлиёти кишвар ҷорӣ гардид ва аз 17-уми ноябр эътибор пайдо кард”, – гуфт Комрон Исмоилиён.

Ба қавли ин вакил, тағйироти мазкур ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз нофаҳмиҳо бар сари напардохтани роҳкиро барои кӯдакон ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон барои кӯдакон танҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ имтиёз пешбинӣ нашудааст. Он ҳамчунин, ҳангоми истифода аз хадамоти нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ низ метавонанд аз имтиёзҳои муайян истифода намоянд.

Аз Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ба “Asia-Plus” гуфтанд, ки барои кӯдакони аз 5 то 10-сола ҳангоми сафар бо қатора 45 дарсад тахфиф пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, мусофир ҳангоми истифода аз хадамоти КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ҳақ дорад, як кӯдаки то панҷсоларо ройгон бо худ гирад. Ба ин тартиб, волидайн, яъне зану шавҳар ҳангоми ҳаракати якҷоя тавассути қатора метавонан бо худ ду фарзанди то панҷсолаашонро ҳамроҳ гиранд ва барои ин маблағ пардохт накунанд.

Агар ҳамроҳи онҳо фарзанди сеюм ва ӯ ҳам то 5-сола бошад, вазифадоранд роҳкирои ӯро пардохт намоянд.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҳангоми сафар тавассути ҳавопаймо барои кӯдакони аз 2 то 12-сола 50 дарсад тахфиф пешбинӣ гардидааст. Барои кӯдакони то 2-сола бошад, парвоз тавассути ҳавопаймо ройгон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.