Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2024 беш 50 млн доллар муайян шудааст

Соли 2024 Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон беш аз 563,4 миллион сомонӣ (51,5 миллион доллар) муқаррар шудааст, ки он тибқи салоҳдиди сарвари давлат харҷ мешавад. Ин маблағ барои соли оянда қариб 1,3 дарсади тамоми хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Буҷаи мамлакат барои соли 2024 беш аз 44,1 миллиард сомониро (4 миллиард доллар) муайян шудааст. Маблағи Фонди захиравии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2024 Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон беш аз 563,4 миллион сомонӣ (51,5 миллион доллар) муқаррар шудааст, ки он тибқи салоҳдиди сарвари давлат харҷ мешавад.

Ин маблағ барои соли оянда қариб 1,3 дарсади тамоми хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил медиҳад. Буҷаи мамлакат барои соли 2024 беш аз 44,1 миллиард сомониро (4 миллиард доллар) муайян шудааст.

Маблағи Фонди захиравии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2024 нисбат ба соли ҷорӣ 68 миллион сомонӣ ё 13,7 фоиз зиёд аст. Маблағи Фонд аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ дар соли 2023-юм 495,4 миллион сомониро ташкил медод.

Маблағи ин Фонд, тибқи иттилои расмӣ, аз ҷониби раиси ҷумҳур барои чорабиниҳои гуногун харҷ карда мешавад.

Бояд гуфт, ки бисёриҳо Фонди захиравии раиси ҷумҳурро бо Фонди Пешвои миллат, ки баҳори соли 2024 шашсола мешавад, фарқ намекунанд. Фонди Пешвои миллат моҳи апрели соли 2018 баъди тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст.

Байни ин ду фонд шабоҳатҳо мавҷуданд, масалан, ҳарду аз буҷа маблағгузорӣ мешаванд ва метавон барои чорабиниҳои хайриявӣ маблағ ҷудо кард, аммо дар кул, инҳо фондҳои гуногунанд.

Фонди Пешвои миллат, ба фарқ аз Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон, танҳо пас аз рафтани раиси ҷумҳури феълии кишвар ба дарёфти маблағҳои буҷа шурӯъ мекунад. Дар назар аст, ки ҳаҷми маблағгузории буҷаи Фонди Пешвои миллат 0,2 дарсади хароҷоти буҷаи давлатиро ташкил диҳад.

Масалан, агар ин Фонд фаъолият мекард, барои пур кардани он дар соли 2024 беш аз 88,2 миллион сомонӣ (ҳудуди 8 миллион доллар) лозим буд. Тартиби сарфи маблағҳои ин Фондро худи Пешвои миллат муайян мекунад, ки то он замон, тавре ки дар боло зикр гардид, бояд собиқ президенти кишвар бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио