Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр паёми худро ба парлумон ироа мекунад

Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр ироа хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, дар баробари самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад. Дар ҷаласа бахшида ба […]

Asia-Plus

Паёми имсолаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр ироа хоҳад шуд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон замони ироаи паёми худ, дар баробари самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, инчунин рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро дар соли оянда мушаххас мекунад.

Дар ҷаласа бахшида ба ироаи паём, ҳамасола ба ҷуз вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзоёни Маҷлиси миллии кишвар, ҳамчунин раҳбарони вилояту шаҳру ноҳияҳо, вазорату ниҳодҳои кишвар, ходимони илму фарҳанг, намояндаҳои дипломатии муқими кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ низ даъват мешаванд.

Кормандони ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ҳамасола паёми Эмомалӣ Раҳмонро дар толорҳои муассисаҳояшон тамошо мекунанд.

Ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизиону радиои кишвар маросими ироаи паёмро ба таври зинда пахш менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2015 то инҷониб раиси ҷумҳур маъмулан охири моҳи декабр паёми солонаи худро ба парлумони кишвар ироа мекунад.

Танҳо соли 2020 он рӯзи 26-уми январи соли 2021 сурат гирифта буд.

Солҳои баъдӣ низ ироаи паёми солонаи сарвари давлат ба моҳи декабр баргашт. Паёми соли гузашта ҳам рӯзи 23-уми декабр ироа гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.