Муҳиддин Олимпурро бадхоҳон 12-уми декабри соли 1995 дар маҳаллаи маъруф ба “Ҷазира” ба қатл расониданд. Муаммое, ки доир ба марги журналист Муҳиддин Олимпур 28 соли охир дар матбуоти мост ин сабаби қатли як шахсияти фарҳангӣ ва мубаллиғи арзишҳои миллӣ аст.
Мавсуф чун аксбардор муаллифи китобҳои “Раҳнамои суратгир” ва “Муҳиддини Олимпур – Бинишвари тоҷик” буда, дар рӯзномаву маҷалла ва китобҳои мухталиф садҳову ҳазорҳо акси намояндагони илму адаби саросари дунёро бардошта, нашр кардааст. Ӯ ҳамчун журналист сермаҳсул буда, сараввал барномаи овозадори Телевизиони Тоҷикистон – “Ситораҳои Шарқ”-ро аз соли 1988 то 1992 пеш мебурд.
Барои бахши форсии радиои BBC аз охирҳои соли 1989 то интиҳои умраш фаъолияти пурсамар карда, аз авзои Тоҷикистон, бахусус хабарҳои фарҳангиро ба оламиён мерасонд. Инчунин, дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр фаъолият кардаааст.
Ҳамчун публитсист ҳам маҳсули эҷоди фаровоне ба ёдгор мондааст. Аз сафари Амрико бо номи “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” сафаргуфтаи арзишноке дорад. Аз сафари Эрон сафарномаи “Ирон бӯи модар медиҳад”-ро навиштааст. Ба кишварҳои Фаронса, Тунис, Шри-Ланка ва Ҳиндустон сафар карда, мухтасари ёддоштҳояшро дар китоби “Тӯшаи чашм” ҷамъ оварда дар шакли китоб соли 1990 нашр карда буд.
Публитсист соли 1995 пеш аз маргаш дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сарояндаи саршиноси машриқзамин Гугуш меҳрномае бо номи “Гугуш… Ишқ фарёд кунад…” ба табъ расонид, ки ҷанбаҳои публитсистии зиёде дорад. Адиб дар ин асар аз воқеияти дидаҳо ва шунидаҳояш дар бораи сароянда, аз мулоқот бо ӯ ва самимияти тоҷикону хориҷиён дар шинохти Гугуш матни китобро офаридааст.

Муҳиддин Олимпурро журналисти фарҳангӣ мегӯянд, аммо бояд тасдиқ кард, ки ӯ натанҳо як нигорандаи фарҳангу санъат, балки мутаваҷҷуҳи масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳам буд. Махсусан, ба масоили худшиносии миллӣ диққати зиёд дошта, вобаста ба ин матолиби гуногунжанр навиштааст.
Олимпур дар фазо
Муҳиддин Олимпур дар ҳама маврид ва ҳама ҳолат дар фикри фарҳанг ва муаррифии он буд. Барои мисол, дар китоби “Тӯшаи чашм” менависад: “Дар курсии шафати ман марди тахминан 45-50 солаи нуроние менишаст, ки ботамкину хандонрӯй буд. Ҳангоми парвоз ман бо ҳамдиёрам Тоҷиддин, ки инженери автобазаи Ҳисор буд, раҳораҳ дар бораи Тоҷикистони азизи худ ҳикоятҳо мекардем. Даставвал марди ҳамсояи ман, ки мумкин мисли мо ёдаш дар Ватан буд, ба сӯҳбати мо аҳамияте намедод. Ҳангоме, ки Тоҷиддин аз бағалкисааш китобчаи ашъори Хоҷа Ҳофизро баровард ва мо шоҳбайтҳои онро хонда, ба таври худ маънидод мекардем, марди ҳамсоя гӯё ба худ омада бошад, тез-тез ва нобоварона ба мо менигарист. Шояд тоқаташ аз сар рафта буд, ки ба лафзи ба худ хоси форсӣ-тоҷикӣ аз мо пурсид: шумо аз куҷоед ва ба куҷо азми сафар доред? Чун шунид, ки мо аз Иттифоқи Советӣ мебошем ва майли Париж дорем, ҳайронии ӯ дучанд гашт”.
Ба фикри мо ҳамин аст муаррифии масъалаҳои фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ, ки як рӯзноманигор анҷом додааст. Ӯ метавонист дар ҳамон ҳолат бо дигар кор ва дигар гуфторҳо машғул шавад, аммо аз Хоҷа Ҳофиз гуфт, аз Тоҷикистон гуфт, аз тоҷикият ёдовар шуд.
Дар давоми матлаб М. Олимупур аз забони ҳамсафари худ мегӯяд: “Ҳамин ихтисосам шуд, ки ман забони форсиро омӯзам, – гуфт марди шведӣ. Ман дар ватани забардастони назм, мутаффакирони олам нафосат Саъдиву Ҳофиз – шаҳри Шероз як сол ба мутахассисони соҳаи радио ва телевизиони Эрон кӯмак расонидам. Дар ин муддати иқомати худ дар Эрон ба зодгоҳи пайғамбарони назм Фирдавсиву Хайём – Тусу Нишопур рафтам ва шарафёбӣ зиёрати оромгоҳи ин мардони некном гаштам”.
Барои муаррифии фарҳанг ва нишон додани худшиносии миллӣ басанда аст, ки ному насаб ва маҳсули эҷоди чанд нафар аз мутаффакиронамонро ба забон орем. Муҳиддин Олимпур ҳам дар навбати худ чунин амалро анҷом додааст. Ӯ моро ба ҷаҳониён мешиносонид.

“Марди нуқтасанҷи шведӣ, ки хеле суҳбаторо буд, зуд ба мо унс гирифт ва мо мисли дӯстони қарин сӯҳбатороӣ мекардем. Агар ашъори ҳазрати Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ сабаб намешуд, шояд мо бо ҳамдигар шиносоӣ пайдо намекардем, – гуфт ҳамсӯҳбати мо. Ӯ ҳам дар навбати худ аз сумкааш китоберо баровард ва гуфт: – Шояд ин тӯҳфаи ман барои шумо нав набошад. Чунки шумо бо муаллифи ӯ хуб ошно ҳастед, аммо ман аз ҳама чизи гаронбаҳотарине, ки ҳоло дар ин сафар дар даст дорам, ба шумо ҳадя мекунам. Ман мехоҳам шумо донед, ки вайро на танҳо дар Ватани Шумо, балки дар Шветсияи мо ҳам қадр мекунанд, мехонанд ва аз ашъори рӯҳбахшаш кайфият мебаранд. Марди швед ба ман китоби рубоиёти Умари Хайёмро, ки ба забони шведӣ тарҷума ва хеле зебо нашр шудааст, тӯҳфа намуд”, – менависад Олимпур.
Олимпур ва ҳуқуқи занон дар Тунис
Муҳиддин Олимпур ҳамчунин дар масъалаҳои сиёсӣ ҳам фикрашро баён мекард. Дар қисмати “Тунис”-и китоби “Тӯшаи чашм” ба ҳуқуқу озодиҳои занон таваҷҷуҳ карда, менависад: “Яке аз нахустин қарорҳои ҳукумати нави Тунис хотима додан ба бисёрзанӣ ва баробарҳуқуқии занҳо дар ҷамъият буд. Ин вазъияти нохуш дар аксари мамлакатҳои араб ва дунёи мусулмонӣ то айни замон ҳукмфармост… Мо ҳангоми сафари худ бисёр занони тунисиро дидем, ки ҳамроҳи мардон дар заводу фабрикаҳо, саҳрову идораҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ мустақилона меҳнат мекарданд. Духтарони тунисӣ ҳамроҳи ҷавонони ҳамсоли худ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус бо муваффақият таҳсили илм менамоянд”.
Адиб дар ростои сафарҳояш хонандагонашро ҳам бо худ мебарад ва то қадри дарку фаҳмиши худ ба онҳо маълумот медиҳад.
“Гаҳвора”-и умед”
Муҳиддин Олимпур дар як мусоҳибаи худ аз қаҳрамонаш, аҳли фарҳанг буд, мепурсад: “Имрӯзҳо яке аз мушкилоти аввалиндараҷаи ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ ба намоишномаҳо кам омадани тамошочиён аст, ки худи шумо ҳам ин нуқтаро дар боло зикр намудед. Оё ин паҳлуи масъала “Гаҳвора”(номи театр-муаллиф)-ро рӯзе ба ташвиш намеоварад?”.
Чунин суолгузории Муҳиддин Олимпур гувоҳи он аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам мушкили ба театр наомадани тамошобинон ҷой доштааст. Ва ӯ ин масъаларо, ки имрӯз низ аз мубрамтарин мушкили театрҳои кишвар аст, 34 сол пеш дарк кардаву бонги изтироб задааст.
Ҷавоб ҳам ҷолиб ва шавқовар аст: “Шояд ин бӯҳрон ба сари мо ҳам ояд, аммо дар урфиат мегӯянд: “усул ба дасти нақорачӣ”. Мо ба ҳамин наздикиҳо ба сафари ҳунарӣ дар шаҳри Панҷакент будем. Дар оғози намоишномаи “Лола ва Лочин” саҳнае аст, ки қаҳрамонони он дар мавриде омин мегиранд. Замоне ки ҳунарпешагон ин саҳнаро иҷро менамуданд, ба толор нигаристам, ки аз пирони равшанзамир сар карда, то тифлакони маъсум ҳама даст ба рӯй мекашиданд ва маҳви тамошои саҳнаҳо буданд. Бидуни садое. Онҳо гӯё бо театру ҳунарпешагон ҳамнабз гаштанд ва нақшҳоро ба назар якҷо меофариданд. Ҳамон ҷо ба хулосае омадам, ки ана ҳамчунин театр ба мардуми мо зарур аст, ки худашро тамошочӣ дар дунёи тахайюлоти худаш бубинад ва бегонагиро эҳсос накунад. Агар ин роҳро пеш гирем, ба гумонам таваҷҷӯҳи мардум ба “Гаҳвора” меафзояд”.

Роҳҳали мушкили “фирор”-и тамошобинон аз театр, ки имрӯз аксар шояд донанд, аммо намегӯянд. Ё шояд гуфта наметавонанд, ки “имрӯз театр аз мардум ва мардум аз театр дур шудаанд”. Ва барои ба ҳам овардани ин ду, бояд театр аз ҳаёту рӯзгори воқеии мардуми оддӣ намоишномаҳо таҳия кунад.
Ҳамин тавр, Муҳиддин Олимпур барои муаррифии фарҳанги тоҷик хидмати зиёд кардааст. Ӯ ба ҳар кишваре, ки мерафт ин фарҳангро ба худ бурд ва намунаи беҳтаринашро бурд. Онҳое, ки бо Муҳиддин Олимпур ҳамсуҳбат шудаанд, фарҳанги моро, халқи моро дӯст доштаанд.
Боре Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ ба лабханде гуфта будааст, ки Муҳиддин Олимпур бузургтарин сафири Тоҷикистон аст. Воқеан, Муҳиддин Олимпур, он хабарнигори пуртаҳаррук ва аксбардори моҳир як сафири беминнати дӯстӣ ва ҳамдилӣ, мубаллиғи фарҳанг ва ҳунар буд. Ӯ бисёр сафар мекард ва мардуми оламро бо Тоҷикиситону зебоии он ошно месохт.




