Аз хонаи як сокини Панҷакент 1 млн сомониро дуздидаанд

Кормандони милитсияи шаҳри Панҷакент дар шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар дуздии 1 млн сомонӣ А.С.-и 27-соларо боздошт кардаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ хабар дод, пулҳои як зани 52-солаи сокини шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент дуздида шудааст. Ин зан хеши дури гумонбаршуда будааст. Ба иттилои манбаъ, […]

Ленура Мустафоева, Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Панҷакент дар шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар дуздии 1 млн сомонӣ А.С.-и 27-соларо боздошт кардаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ хабар дод, пулҳои як зани 52-солаи сокини шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент дуздида шудааст. Ин зан хеши дури гумонбаршуда будааст.

Ба иттилои манбаъ, А.С. аз набудани соҳибхона истифода бурда, аз моҳи август то октябр 1 млн сомонӣ (ҳудуди 90 ҳазор доллар), 1000 доллар ва ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст.

Нафари боздоштшуда коргари корхонаи истихроҷи тиллои “Зарафшон” будааст.

“Баъди чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар боздошт шуда, нисбаташ дар асоси моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гардидааст”, – гуфт Акбар Шарифӣ.

Номбурда илова кард, ки қисме аз ашёи дуздидаро гумонбаршуда ба ҷабрдида баргардонидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.