Ба гурезаҳои афғон дар вилояти Суғд кумакпулӣ расид

Ба оилаҳои гурезаҳои афғон дар вилояти Суғд кумаки якдафъинаи пулӣ расонида шуд. Дар ин бора Sugdnews хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ба 39 оилаи афғон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 3 оила дар шаҳри Панҷакент 1190 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Маблағи умумии кумак 49 ҳазору 980 сомониро ташкил додааст. “Ҳадафи аслии кумак дастгирии қишрҳои осебпазири […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ба оилаҳои гурезаҳои афғон дар вилояти Суғд кумаки якдафъинаи пулӣ расонида шуд. Дар ин бора Sugdnews хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ба 39 оилаи афғон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 3 оила дар шаҳри Панҷакент 1190 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Маблағи умумии кумак 49 ҳазору 980 сомониро ташкил додааст.

“Ҳадафи аслии кумак дастгирии қишрҳои осебпазири аҳолӣ ва беҳбуди шароити зисти онҳо, аз ҷумла оилаҳои шаҳрвандони Афғонистон мебошад, ки бар асари вазъ дар кишвари худ гуреза шудаанд”, – зикр кардааст намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Рустамбек Аҳмадзода.

Паноҳандагони афғон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Панҷакент дар доираи лоиҳаи “Суръатбахшӣ ба фаъолияти минтақавӣ дар шароити буҳрони башардӯстона ва тиббӣ ЕСНО-РРР”, ки аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон амалӣ мешавад, кумак гирифтанд.

Қаблан дар доираи лоиҳа ба 43 оилаи афғон кумак расонида шуда буд. Ба ҷуз пул, онҳо бастаҳои маводи хӯрокворӣ ва маҳсулоти ниёзи аввал гирифтанд.

Қисмати зиёди гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, 30 километрии Душанбе зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо қонунӣ дар кишвар иқомат дошта, шаҳодатномаи расмӣ доранд, ки аз ҷониби Раёсати Комиссари олии ССМ оид ба умуи гурезагон дода шудааст.

Бино ба маълумоти мақомоти Тоҷикистон,  дар ҷумҳурӣ зиёда аз 10 ҳазор гурезаҳо аз Афғонистон зиндагӣ мекунанд, ки тӯли солҳои гуногун баъди сари қудрат омадани Толибон* фирор кардаанд.

Аксарияти кулли нҳо мегӯянд, ният надоранд, ки дар Тоҷикистон ба муддати зиёд боқӣ монанд. Ин кишварро онҳо ба сифати нуқтаи интиқол ба давлатҳои Ғарб медонанд. Соли ахир ҳудуди 4 ҳазор паноҳандагони афғон аз Тоҷикистон ба Канада рафтанд.

Дар ҳамин ҳол, танҳо дар соли охир мақомоти Тоҷикистон 74 нафар ва моҳи августи соли 2022 – 10 гурезаи афғонро ба ватан фиристоданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.