Миёни Душанбе – Балҷувон хатсайри автобус роҳандозӣ гардид

Ширкати “Asian Express Airline” бо хоҳиши муштариёнаш хатсайри Душанбе – Балҷувон боз кардааст. Дар ин бора як масъули ин ширкат ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин масир ду рӯз инҷониб, рӯзе як маротиба автобусҳо фаъолият доранд. “Ин хатсайрро бо талаби зиёди муштариён боз кардем ва ҳар рӯз танҳо як автобус ба ин […]

Ширкати “Asian Express Airline” бо хоҳиши муштариёнаш хатсайри Душанбе – Балҷувон боз кардааст. Дар ин бора як масъули ин ширкат ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин масир ду рӯз инҷониб, рӯзе як маротиба автобусҳо фаъолият доранд.

“Ин хатсайрро бо талаби зиёди муштариён боз кардем ва ҳар рӯз танҳо як автобус ба ин роҳ равона мешавад. Агар дар оянда теъдоди истифодабарандагон зиёд шавад, шумораи автобусҳоро низ бештар мекунем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Манбаъ афзуд, “нархи ин хатсайр 40 сомонӣ аст, ҳар субҳ соати 9:00 аз тераминали “Asian Express”-и Душанбе ба сӯи Балҷувон ҳаракат мекунад ва пас аз нисфирӯзӣ аз он ҷо ба пойтахт бармегардад”.

Ёдовар мешавем, ки ширкати “Asian Express Airline” соли 2013 ифтитоҳ шудааст ва ин ширкат ҳоло қариб ба саросари Тоҷикистон хатсайр дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.