Ҳалокати кӯдаки 4-сола дар ноҳияи Панҷ бар асари садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Панҷ як писарбачаи 4-сола ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон. Ин ҳодиса тахминан соатҳои 16:30 дақиқаи рӯзи 19 декабр рух додааст. Гуфта мешавад, ронандаи 58-солаи автомашинаи “Форланд-Текин” Маҳмад Миршарифзода аз самти ҷамоати деҳоти 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ба маркази ноҳия равон будааст. “Зимни ҳаракат ронанда аз уҳдаи идораи воситаи […]

Бар асари садамаи нақлиёт дар ноҳияи Панҷ як писарбачаи 4-сола ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Ин ҳодиса тахминан соатҳои 16:30 дақиқаи рӯзи 19 декабр рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи 58-солаи автомашинаи “Форланд-Текин” Маҳмад Миршарифзода аз самти ҷамоати деҳоти 50-солагии Қушунҳои сарҳадии ба маркази ноҳия равон будааст.

“Зимни ҳаракат ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ду пиёдагарди ноболиғ – Сумайёи 12-сола ва Абӯбакри 4-сола аз оилаи Назаровҳоро пахш мекунад. Дар натиҷа кӯдакон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мегиранд. Абӯбакр баъдан дар бемористон ҳалок шуд”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Тибқи маълумоти ВКД, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 418 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам 12,4% зиёдтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.