“Худашон нобуд карданд”. Маҳдӣ Арсалон, як фармондеҳи “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон нопадид шудааст

Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон, зодаи Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони гурӯҳи террористии “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон бедарак шудааст. Ӯ тақрибан нуҳ моҳ пеш ҳангоми сафар ба Кобул нопадид шуд ва то кунун аз ӯ ҳеч нишоне пайдо накардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба як узви гурӯҳи мамнӯи “Ансоруллоҳ” хабар додааст. Манбаъ навиштааст, […]

Asia-Plus

Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон, зодаи Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони гурӯҳи террористии “Ансоруллоҳ” дар Афғонистон бедарак шудааст. Ӯ тақрибан нуҳ моҳ пеш ҳангоми сафар ба Кобул нопадид шуд ва то кунун аз ӯ ҳеч нишоне пайдо накардаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба як узви гурӯҳи мамнӯи “Ансоруллоҳ” хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки таҳқиқ нишон дод, ки ӯро кочоқбарони маводи мухаддир боздошт кардаанд, вале ба куҷо бурдаанд, маълум нест.

“Мо як гурӯҳ кочоқбаронро боздошт кардем ва онҳо иқрор шуданд, ки ҳамроҳонашон Маҳдиро боздошт карданд, вале ба куҷо бурдаанд, то ҳанӯз барои мо маълум нест. Ҳамон рӯзе, ки ӯ аз наздикии Кобул гум шуда буд, на телефонаш кор кард ва на дигар худаш пайдо шуд,”—гуфтааст ҳамсуҳбати ин расона.

Дар бораи ҳуввияти қочоқбарон иттилоъ дода намешавад.

Ду манбаи Радиои Озодӣ аз идораи марзбонӣ дар вилояти Хатлон ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфтанд, ки аз нопадид шудани ин шаҳрванди таҳти ҷустуҷӯ хабар доранд ва ба гумони онҳо Муҳаммад Шарифовро худи аъзоёни гуруҳ зиндонӣ ё нобуд кардаанд. Чунки ба гуфтаи онҳо, “вақтҳои ахир ӯ ҳеч нуфузе надошт ва одами муҳим ҳам набуд”.

Нозанин Юнусова, хоҳари Муҳаммад Шарифов, сокини ноҳияи Нуробод гуфтааст, як сол боз ӯ ҳеч тамосе бо онҳо нагирифтааст ва намедонанд, ки дар куҷост.

Муҳаммад Шарифов, сокини 30-солаи ноҳияи Нуробод аст, ки соли 2021 Толибон ӯро фармондеҳи Толибон дар панҷ вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, масъул гузошта буданд.

Ба навиштаи рӯзноами “Long War Journal” Арсалон Муҳаммад Шарифов, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар минтақаи Рашт таваллуд шудааст ва соли 2014 ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” пайвастааст.

“Ӯ ба дунболи падар ва бародари ҷиҳодияш, ки аз сӯйи неруҳои амниятии Тоҷикистон кушта шуданд, рафтааст. Аз сӯйи ин гурӯҳ мағшӯйӣ шуд ва аз сатҳи поёнӣ ба фармондеҳӣ расид”, – овардааст манбаъ.

Муҳаммад Шарипов бино ба маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон зодаи 27-солаи деҳаи Шербегиёни ҷамоати Сафедчашмаи ноҳияи Нурободи Тоҷикистон аст. Падари ӯ Мирхоҷа Шарипов аз наздикони  Амриддин Табаров – бунёдгузор ва раҳбари пешини гурӯҳи “Ансоруллоҳ” буд.

Муҳаммад Шарипов аз соли 2015 ин тараф аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯй қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.