Душанбе. 11-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – 10 ноябри соли 2008 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи назоратии шаҳрдорӣ оид ба баррасии масъалаҳои муҳими ҳаёти хоҷагидории пойтахт баргузор гардид.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласа таваҷҷӯҳи масъулини дахлдори шаҳриву ноҳиявиро ба масъалаи мақсаднок истифодабарии қитъаҳои замин дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахт нигаронида, ба мақомоти андози шаҳр дастур фармуд, ки баҳри таъмини ғановати буҷаи шаҳр ҳамчун сарчашмаи андозбандӣ масъалаи мақсаднок ҷамъоварии андозҳо аз заминистифодабарандагонро мутобиқ ба қарорҳои аз ҷониби Раиси шаҳр ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ вобаста гардида, тақвият бахшида, мониторинги ҳолати пардохти саривақтии ин намуди андозро аз ҷониби заминистифодабарандагон ба роҳ монад.
Зимнан ба мақомоти дахлдори назорати давлатӣ супориш дод, ки дар робита ба таъмини иҷроиши қарорҳои марбутаи Раиси шаҳр дар самти сохтмони манзилҳои истиқоматии бисёрҳуҷрадор ҳолати риояи ӯҳдадориҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ оид ба тариқи ройгон ба мувозинаи моликияти коммуналӣ супоридани фоизҳои манзилҳои истиқоматӣ, мутаносибан дар ҳалқаи якум 10% ва дуюм 5%-ро мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Зимнан, бо инобати рушди сохтмонҳои мухталиф дар пойтахт дастур гардид, ки ба хотири таъмини амнияти зисти шаҳрвандон ва пешгирӣ аз ба ҳолатҳои садамавӣ мувоҷеҳ гардидани сохтмонҳои тозабунёд, назорати техникӣ ва санҷиши сифату ҳолати риояи истифодаи масолеҳи ба стандартҳои меъморию сохтмонӣ мувофиқ аз ҷониби фармоишгарону пудратчиёни иншоотҳо новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ дар қаламрави шаҳр пурзӯр карда шаванд. Дар ин бобат таваҷҷӯҳи комиссияҳои давлатии қабули иншоот барои истифодабарӣ ба ин масъала нигаронида шуда, оид ба оқибатҳои санҷишҳои анҷомдода ҷавобгарӣ ва масъулияти шахсӣ доштани онҳо
аз ҷониби Раиси шаҳр махсус таъкид гардид.
Дар ҷаласа бо мақсади мусоидат ба такмили раванди таълиму тадрис дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва мактаб-интернатҳову боғчаҳои кӯдаконаи системаи маорифи шаҳр ба сардори Раёсати маорифи шаҳр Ш.Исломов ва шароити зарурӣ ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр ба сардори Раёсат А. Темуров ва раисони ноҳияҳои пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур фармуд, ки бо инобати мавриди таҳия ва қабул қарор доштани буҷаҳои шаҳрию ноҳиявӣ барои соли 2009 пешниҳодҳои мушаххас оид ба пешбинӣ намудани сарчашмаҳои молиявӣ бобати аз таъмир баровардани муассисаҳои ба таъмир эҳтиёҷдоштаи зертобеи Раёсатҳои мазкур дар соли оянда ирсол карда шавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии масъалаҳои истифода, ба иҷора ва фурӯш гузоштани моликияти коммуналии шаҳр, ки яке аз сарчашамаҳои ғанигардонии буҷаи шаҳр маҳсуб меёбад, аз фаъолияти анҷомдодаи сардори Раёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе Ш.Салимов изҳори нигаронӣ намуда, бо эълони танбеҳ ба ӯ барои рафъи камбудиҳо мӯҳлат муқаррар намуд.
Дар ҳамин радиф баҳри ташкили фаъолияти пурсамари нақлиёти мусофиркашонии коммуналии ҷамъиятӣ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани парки автомобилии пойтахт, ки ҳамасола теъдоди зиёди воҳидҳои нақлиётӣ аз буҷаи шаҳр харидорӣ карда мешаванд, аз прокуратураи шаҳр ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки ҳолати воқеии КВД «Автобус-1», КВД «Автобус-2», КВД «Автобус-3», КВД «Троллейбус» ва фаъолияти Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-ро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷааш ба Раиси шаҳр ахборот ирсол намоянд.
Масъалаи дигари мубрамтарини дар ҷаласа мавриди муҳокима қароргирифта ҳолати омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ буд, ки дар ин зимн натиҷаи санҷишҳои анҷомдодаи комиссияҳои депутатӣ дар ноҳияҳои Сино ва Фирдавсии пойтахт шунида шуд. Таъкид гардид, ки дар
ин ду ноҳия низ нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида комилан иҷро гардида, бо пешниҳоди гармӣ, гази табиӣ ва барқ аз ҷониби муассисаҳои хизматрасони зертобеи вазорати саноат ва энергетикаи ҷумҳурӣ дар пойтахт фаъолияти муназзами сектори манзилӣ ва муассисаву ташкилотҳо ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар ҷаласа бо дарназардошти гузориши навбатдории шабонарӯзии
телефонҳои боварии шаҳрдорӣ оид ба қабули муроҷиатҳои шаҳрвандон дар робита ба мушкилоти дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ барои 8-9 ноябри соли равон ва ахбороти раисони ноҳияҳои Сино- Р.Таваров ва
Шоҳмансур – Ф. Бӯриев, ки дар шабонарӯзи боронӣ,
ҳарорати ҳаво ҳамагӣ 8-10 дараҷа гармӣ дошт, бо ҷурми садамаҳои сербории ноқилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур 17 трансформатор ва Сино 3 трансформаторҳо бе барқ монда, интиқоли нерӯи барқ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои мазкур аз ҷониби ҶС «Шабакаҳои барқии Душанбе» таъмин карда нашуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо инобати ҳолати ҷойдошта ва тибқи нақшаи омодагиҳо сохторҳои масъули ШСХК «Барқи Тоҷик», ки мебоист то оғози мавсим масъалаи бартараф кардани сербории трансформатору зеристгоҳҳо ва ноқилҳои барқии шиддаташон гуногуни хизматрасони аҳолиро дар пойтахт ҳал мекарданд ва таҷриба нишон дод, ки ноқилҳро мондаанд, фаъолияти анҷомдодаи масъулинро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, ба директори ҶС «Шабакаҳои барқии Душанбе» С. Атоев танбеҳ эълон кард.
Дар ҷаласа, ҳамзамон зикр гардид, ки баҳри
дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани аҳолӣ бо гази табиӣ ва ҷамъоварии саривақтии маблағ аз истифодабарии он КВД «Тоҷикгаз» мебоист то охири соли равон 10000 адад ҳисобкунакҳои муосири кортиро ба муштариёни пойтахт васл намояд, вале то имрӯз танҳо 2200 адади онҳо, ки 22%-и нақшаро таъмин мекунад, дар биноҳои баландошёнаи бисёрквартирадор насб карда шудаанд, ки дурнамои иҷроиши нақша нигаронкунанда буда, аз фаъолияти ғайриқаноатбахши масъулин гувоҳӣ медиҳад. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.