Даргузашти Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров

Date:

Имрӯз Вафо Назаров, Рассоми халқии Тоҷикистон ва раиси Академияи мусаввирии кишвар дар Душанбе, дар 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷанозаи марҳум зуҳри имрӯз, 12-уми январ, дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (калонтарин масҷиди кишвар) баргузор мешавад ва интизор меравад, ки дар қабристони Лучоб ба хок супорида шавад.

Вафо Назаров 6-уми майи соли 1940 дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон ба дунё омада буд.

Солҳои 1955 – 1960 дар Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе‎ ва солҳои 1966 – 1972 дар Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) таҳсил кардааст.

Вафо Назаров солҳо ба ҳайси рассом-таҳиягар дар Телевизони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар соли 2006 Назаров саррасом будааст.

Соли 2009 Вафо Назаров раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Вафо Назаров узви Иттифоқи рассомони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Иттифоқи журналистони Иттиҳоди Шӯравӣ, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО мебошад ва дорандаи унвонҳои Аълочии телевизион ва радиои Иттиҳоди Шӯравӣ,  Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982) ва Рассоми халқии Тоҷикистон ҳаст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...