Нигаронии рӯзноманигорон аз дастрас нашудани иттилоъ дар ниҳодҳои давлатӣ

Чанде аз рӯзноманигорон аз дастрас нашудани иттилои зарурӣ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон нигаронӣ карданд. Ин нигаронӣ дар як ҳамоиш, ки бо номи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ” баргузор шуд, баён гардид. Ин ҳамоиш, имрӯз, 28-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз сӯи  созмони ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии “ACTED” баргузор шуд. Дар он  намояндагони мақомоти давлатӣ, махсусан, […]

Asia-Plus

Чанде аз рӯзноманигорон аз дастрас нашудани иттилои зарурӣ аз мақомоти давлатии Тоҷикистон нигаронӣ карданд. Ин нигаронӣ дар як ҳамоиш, ки бо номи “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷонибдори ҳисоботдиҳӣ” баргузор шуд, баён гардид.

Ин ҳамоиш, имрӯз, 28-уми ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз сӯи  созмони ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии “ACTED” баргузор шуд.

Дар он  намояндагони мақомоти давлатӣ, махсусан, Вазорати молия, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи андоз, Агентии омор, шарикони байналмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва рӯзноманигорон ширкат доштанд.

Дар ин чорабинӣ бахше аз фаъолияти “Хома” дар самти ислоҳоти андоз ва андозбандӣ ва механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва мусоидати мақомоти давлатӣ барои ҳисоботдиҳӣ дар назди ҷомеа баррасӣ шуд.

Аксари ширкаткунандагон муҳим будани ҳамкории мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд бо ВАО ва ҳамин тариқ, бо ҷомеаи шаҳрвандиро зикр каранд.

Аз ҷумла, Ян Севера, директори ташкилоти байналхалқии “ACTED” дар Тоҷикистон гуфт, рушди рӯзноманигории иқтисодӣ барои барномаи “EGED” муҳим аст ва мақсади асосии ин барнома ҳам рушди ин бахш ва ҳамин тариқ, тавассути нашри мақолаҳо баланд бардоштани даркӣ аҳолӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аст.

Назирҷон Назирзода, сардори Раёсати такмили қонунгузории Кумитаи андо зикр крад, ки мақомоти андоз ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо рӯзноманигорон аст ва онҳо ҳавасманданд, ки тавассути мақолаву гузориши онҳо ҷомеа дар бораи ислоҳотҳои андоз, ки дар кишвар ҷорӣ мешавад, огоҳ бошанд.

Соима Муҳаббатова, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва дороро ҳамчун камбизоат навиштан дар баъзе ҳолатҳо ҷой дорад ва маҳз рӯзноманигорон ҳастанд, ки ин камбудиро ошкор ва мақомот паси ислоҳи он мешаванд.

Обиди Муҳаммадсаид, сардори шуъбаи хидматрасонӣ ба андозсупорандагони Кумитаи андоз гуфт, ки баъди муроҷиати зиёди рӯзноманигорон, дар сомонаи расмии Кумитаи андоз бахши “Омор” кушода шуд, ки бархе рақамҳои аввалиндараҷа, аз ҷумла шумораи соҳибкорон, шумораи соҳибкорони қарздор, онҳое ки эъломияи худро электронӣ месупоранд ва ғайра ҷой дода шудааст.

 Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.