Дар Душанбе то охири моҳи январ барф меборад?

Аз Маркази бодуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба ОИ “Азия-Плюс” хабар доданд, ки то охири моҳи январ дар Душанбе барф намеборад. Ҳамчунин, тибқи иттилои ин ниҳод, бориши барф дар моҳи охири зимистон низ номаълум аст. Гуфта мешавад, ки то охири моҳи ҷорӣ дар вилояти Хатлон гармшавии ҳаво мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар водиҳо то охири моҳи январ ҳарорати […]

Asia-Plus

Аз Маркази бодуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба ОИ “Азия-Плюс” хабар доданд, ки то охири моҳи январ дар Душанбе барф намеборад. Ҳамчунин, тибқи иттилои ин ниҳод, бориши барф дар моҳи охири зимистон низ номаълум аст.

Гуфта мешавад, ки то охири моҳи ҷорӣ дар вилояти Хатлон гармшавии ҳаво мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар водиҳо то охири моҳи январ ҳарорати ҳаво аз 12—17 дараҷа то 18—27 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 28 – 31-уми январ бошад, бориши борон дар назар аст.

Дар ноҳияҳои доманакӯҳ рӯзҳои 18 – 24-уми январ бебориш ва аз 25 то 31-уми январ боришот (борону барф) дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар доманакӯҳҳо рӯзона 7 – 12 дараҷа гарм мешавад.

Аз 18 то 27-уми январ дар манотиқи вилояти Суғд бебориш шуда, аз 28 то 31-уми январ дар баъзе ҷойҳо боридани боришот (борону барф) дар назар аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳии шимоли кишвар то 24-уми январ боришот дар назр набуда, аз 25 то 31-уми январ дар баъзе ҷойҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо рӯзона 3 – 8 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1 – 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 24-уми январ боришот дар назар нест ва аз 25 то 31-уми январ дар баъзе ҷойҳо борон меборад. Хаво рӯзона то 10—15 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, 25 – 31 январ боришот (борону барф) мешавад. Шабона аз -4 то +1 хоҳад буд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 24 январ ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, аз 24 то 31-уми январ борону барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, дар шарқи ин вилоят шабона аз 19 то 24 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа сард мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.