Бузургтарини талафоти артиши Исроил

Артиши Исроил давоми якшабонарӯзи ахир дар навори Ғазза бузургтарин талафотро аз оғози амалиёти заминӣ алайҳи гуруҳи “Ҳамос” дидааст. Бино ба охирин маълумоти фармондеҳии Исроил, дар якшабонарӯзи ахир 24 низомии ин кишвар кушта шудааст. Намояндаи артиши Исроил Даниэл Ҳагарӣ гуфт, дар натиҷаи таркиш дар ду биное, ки онҷо низомиёни ин кишвар қарор доштанд, 21 кас ҷон […]

centralasian.org

Артиши Исроил давоми якшабонарӯзи ахир дар навори Ғазза бузургтарин талафотро аз оғози амалиёти заминӣ алайҳи гуруҳи “Ҳамос” дидааст.

Бино ба охирин маълумоти фармондеҳии Исроил, дар якшабонарӯзи ахир 24 низомии ин кишвар кушта шудааст.

Намояндаи артиши Исроил Даниэл Ҳагарӣ гуфт, дар натиҷаи таркиш дар ду биное, ки онҷо низомиёни ин кишвар қарор доштанд, 21 кас ҷон бохтааст. Ҳамчунин як тонки Исроил ҳадафи тири гранатомёт қарор гирифтааст.

Президенти Исроил Исҳоқ Ҳерзог ба наздикони кушташудаҳо ҳамдардӣ баён кардааст.

“Имрӯз субҳи сахте буд”, – навиштааст ӯ.

Задухӯрдҳои шадид миёни Исроил ва гуруҳи “Ҳамос”, ки дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “созмони террористӣ” эълом шудааст, дар шаҳри Хонюнис, дар ҷанубу ғарби Ғазза идома доранд. Бино ба хабарҳо, нерӯҳои асосии “Ҳамос” асосан дар онҷо ҳастанд.

Ҷанги Ғазза баъд аз он шуруъ шуд, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябри соли гузашта ба Исроил ҳамла карда, тақрибан 1200 исроилиро куштанд ва бештар аз 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Дар ҳамлаҳои интиқомҷӯёнаи Исроил то кунун, ба гуфтаи мақомоти Ғазза, тақрибан 25 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, ки 70 дар сади онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.