Боздиди сафири Тоҷикистон аз гӯшаи С.Айнӣ дар китобхонаи Киев

Date:

Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода аз Китобхонаи хониши оилавии ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев боздид кард.

Тавре ки дар сомонаи сафорат хабар дода мешавад, зимни боздид вохӯрии сафир бо директори китобхона Светлана Батюк доир гардид.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Украина ибрози андеша намуда, ба ҳаёту эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Дар Китобхона бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ гӯшаи махсус таъсис дода шуда, дар он аксари асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидаанд, нимпайкараи Садриддин Айнӣ ва гилемчаи дастбофте бо акси ӯ гӯшаро зеб медиҳанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар ҷараёни боздид Назризода ва Батюк ба мувофиқа расиданд, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина барои таъмини гӯшаи Садриддин Айнӣ бо китобҳо ва маводи иловагии зарурӣ ҳамаҷониба кумак расонида, инчунин чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ баргузор хоҳанд кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Украина 24 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Вазифаҳои сафорати Тоҷикистон дар Украинаро намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия иҷро мекард. Сафорати ҷумҳурӣ дар Киев моҳи октябри соли 2008 боз шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...