Кумитаи дин: Беш аз 200 маводи динӣ аз ташхиси диншиносӣ нагузаштаанд

Дар соли 2023-юм наздики 2 ҳазор адабиёти динӣ ва 11,5 ҳазор варақа ва 50,5 ҳазор сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштаанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон имрӯз, 9-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, соли сипаришуда ба ин кумита 340 […]

Дар соли 2023-юм наздики 2 ҳазор адабиёти динӣ ва 11,5 ҳазор варақа ва 50,5 ҳазор сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ аз ташхиси давлатии диншиносӣ гузаштаанд. Дар ин бора Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон имрӯз, 9-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, соли сипаришуда ба ин кумита 340 дархост барои таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ ворид шудааст.

  • 1 ҳазору 927 адабиёти динӣ;
  • 11 ҳазору 500 варақа
  • 50 ҳазору 587 сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ

“Аз ин теъдод ба 205 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 135 дархост хулосаи мусбат дода шуд”, – гуфт Сулаймон Давлатзода.

Ӯ дар ин робита шарҳ надод, ки кадом “нишонаҳои ифротгароӣ” ошкор шудаанд.

Бояд зикр кард, ки маводҳои диниро дар Тоҷикистон Шуъбаи иттилоот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар асоси ӯҳдадориҳои вазифавии зерин таҳқиқ мекунад:

– аз нигоҳи илмӣ таъйин намудани асосҳои сиёсати давлатии муносибат ба дин;

– омӯзиш ва таҳлили равандҳои номатлуби сиёсӣ – иҷтимоии дар заминаи андешаҳои динӣ тавлидшаванда;

– шиносоӣ ва ташхиси илмию диншиносии маводи ба табъ расида;

– истифода ва баҳрабардорӣ аз методологияи навини илмӣ – диншиносӣ;

– муайян намудани самти илмии исломшиносӣ дар Тоҷикистон;

– баррасии мушкилоти тавсеаи мафкураи динӣ дар кишвар;

– таҳқиқи маърифати динӣ аз дидгоҳи давлатдории миллӣ;

– таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ ва чопи мақолаҳои илмӣ.

Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.