“Раёсати КОА фаъолият накард”. Чаро Комиссияи олии аттестатсионӣ соли 2023 ба касе дараҷаи илмӣ надод?

Соли 2023 Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба касе дараҷаи номзад ё доктори илм надодааст. Давлатзода Сайфиддин, раиси КОА гуфт, сабаби надодани дараҷаи илмӣ фаъол набудани Раёсати КОА мебошад. “Яке аз мушкилиҳо, бо сабабҳои гуногун, фаъолият накардани Раёсати КОА буд. Бо назардошти ба охир расидани муҳлати фаъолияти Раёсати КОА ҳама […]

Исматуллоҳ Абдуллоҳ, Asia-Plus

Соли 2023 Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба касе дараҷаи номзад ё доктори илм надодааст.

Давлатзода Сайфиддин, раиси КОА гуфт, сабаби надодани дараҷаи илмӣ фаъол набудани Раёсати КОА мебошад.

“Яке аз мушкилиҳо, бо сабабҳои гуногун, фаъолият накардани Раёсати КОА буд. Бо назардошти ба охир расидани муҳлати фаъолияти Раёсати КОА ҳама ҳуҷҷатҳо ташхис мешаванд, лекин хулосаи ниҳоиро қарори раёсати КОА қабул мекунад”, – гуфт Давлатзода.

Ӯ ваъда дод, ки маводи барои ташхис воридшуда ва ба дасти раёсат расида бори дигар ташхиси соҳавиро гузашта, нисбати онҳо қарори ниҳоӣ қабул карда шаванд.

“Мардум интизори фаъолияти ниҳоии КОА ҳастанд”, – зикр кард ӯ.

Бояд гуфт, ки қаблан олимони тоҷик дараҷаи илмиро дар хориҷ аз кишвар соҳиб мешуданд ва бо ба фаъолият оғоз кардани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо гардид, ки онҳо дар дохили кишвар низ номзад ё доктори илм гарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.