Дар Душанбе рӯзи таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҷлил гардид

Дирӯз, 22-юми феврал, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҷлил карда шуд. Дар маросими таҷлил Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, сафирону шахсони расмӣ ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд. “Таҷлили рӯзи таъсиси давлати Арабистони Саудӣ  мояи ифтихор аз таърихи бостонии мо, […]

Asia-Plus

Дирӯз, 22-юми феврал, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҷлил карда шуд.

Дар маросими таҷлил Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Обид Назариён, муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон, сафирону шахсони расмӣ ва дигар меҳмонон ҳузур доштанд.

“Таҷлили рӯзи таъсиси давлати Арабистони Саудӣ  мояи ифтихор аз таърихи бостонии мо, ифтихор аз пешвоёну фидокориҳои онҳо буда, таҷассумгари садоқатест, ки мо ин кишвари саховатмандро танҳо бо он мешиносем”, – гуфт Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон.

Обид Назариён низ Шоҳигарии Арабистони Саудиро аз номи ҳукумати кишвар бо рӯзи таъсисёбӣ табрик гуфт.

Зимни чорабинӣ таъкид кардид, ки бо гузашти се аср, имрӯз Арабистони Саудӣ ба яке аз давлатҳои қудратманди минтақа табдил ёфта, амалигардонии лоиҳаҳои бузургро рӯйи даст гирифтааст. Аз ҷумла, барномаи вижаи “Дурнамои 2030”, ки аз ҷониби роҳбарияти ин кишвар пешниҳод шудааст, лоиҳаи бузург ва нодир дониста мешавад. Татбиқи он андешаҳоро оид ба Арабистони Саудӣ куллан тағйир хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки давлати Арабистони Саудӣ 22-юми феврали соли 1727 таъсис ёфтааст.

Рӯзи таъсиси Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бошад, шурӯъ аз соли 2022 бо фармони Ходими Ҳарамайни Шарифайн шоҳ Салмон ибни Абдулазиз, подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  таҷлил карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио