Ҷасади муҳоҷири тоҷикро, ки ба дор овехта ёфт шуд, ба Тоҷикистон оварданд

Дар натиҷаи ташхиси ҷасади Маъруф Асоеви 34-сола, ки дар шаҳри Толяттии Русия ба дор овехта дарёфтанд, нишонаи маргӣ маҷбурӣ дарёфт нашуда, ҷасад ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки ҷасади як муҳоҷири […]

Asia-Plus

Дар натиҷаи ташхиси ҷасади Маъруф Асоеви 34-сола, ки дар шаҳри Толяттии Русия ба дор овехта дарёфтанд, нишонаи маргӣ маҷбурӣ дарёфт нашуда, ҷасад ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки ҷасади як муҳоҷири тоҷикро дар дарафхте дар як ҷангал ба дор овезон дарёфт карданд. Гуфта мешуд, ки ӯ худро ба дор овехтааст. Сабаби худкушии ӯ маълум нест.

Вазорат ҳам мушаххас нагуфт, ки сабаби худкушии ӯ чист.

Танҳо гуфт, намояндагии вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират қазияи ба дор овехтани муҳоҷири тоҷикро мавриди пайгирӣ ва назорат қарор дода, барои дарёфти ҷузъиёти бештари ин ҳодиса бо мақомоти дахлдори ин кишвар, ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони минтақа ва хешовандони марҳум дар ҳамкории зич мебошад.

Ба иттилои ин ниҳод, нафари фавтида шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Маъруф Ҷамшедович, 34 сола, зодаи шаҳри Душанбе, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад, ки рӯзи 1-уми март худкушӣ кард.

“Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи гузаронидани ташхиси криминалистӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари иқомат, дар бадани Асоев Маъруф ягон нишонаҳои марги маҷбурӣ муайян нагардидааст”, – гуфтааст вазорати муҳоҷират ва меҳнат.

Ба иттилои ин ниҳод, бо мусоидати намояндагӣ ва кӯмаки ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Толятти ҷасади марҳум тариқи хатсайри ҳавопаймоии Самара-Душанбе  ба ватан интиқол дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола тарқибан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Даҳҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар ин кишвар ба ҳалокат мерасанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.