Ҳавошиносон гуфтанд, ки кай ҳаво гарм мешавад

Дар шаҳри Душанбе, тибқи пешгӯии ҳавошиносон, аз пагоҳ – 6-уми март ҳаво гарм мешавад. Аз Маркази бодуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки шурӯъ аз пагоҳ ҳарорати ҳаво шабона то +6 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлону Суғд аз 7-уми март ҳаво гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво нисбатан сард боқӣ мемонад. Дар […]

Дар шаҳри Душанбе, тибқи пешгӯии ҳавошиносон, аз пагоҳ – 6-уми март ҳаво гарм мешавад.

Аз Маркази бодуҳавошиносии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки шурӯъ аз пагоҳ ҳарорати ҳаво шабона то +6 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлону Суғд аз 7-уми март ҳаво гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво нисбатан сард боқӣ мемонад. Дар ин минтақаҳо ҳадди аққал то 10-уми март ҳавои сард пешгӯӣ мешавад. Баъдан, наздик ба охири моҳ дар ин манотиқ ҳам ҳаво тадриҷан гарм мешавад.

Тавре қаблан хабар дода будем, хатари фаромадани тарма дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Махсусан, аз 5 то 7-уми март дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тармарезӣ пешгӯӣ мешавад.

Дар маҷмӯъ, тибқи пешбинии ҳавошиносон, моҳи март сард мешавад: ҳаво тағйирёбанда ва боришот дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.