Дастаҳои футболи Лигаи олии Тоҷикистон аз 10 то 12-то зиёд мешавад

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифт, ки дар мавсими нав теъдоди иштирокчиёни Лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистонро зиёд кунад. Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, шумораи иштирокчиёни Лигаи олӣ аз 10 ба 12-то зиёд мешавад. Шумораи иштирокчиёни Лигаи якуми Тоҷикистон низ зиёд карда мешавад. Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонӣ (иҷозатномадиҳӣ)-и бошгоҳҳо маълум шуд, […]

Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) тасмим гирифт, ки дар мавсими нав теъдоди иштирокчиёни Лигаи олии қаҳрамонии Тоҷикистонро зиёд кунад.

Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, шумораи иштирокчиёни Лигаи олӣ аз 10 ба 12-то зиёд мешавад. Шумораи иштирокчиёни Лигаи якуми Тоҷикистон низ зиёд карда мешавад.

Бар асоси натоиҷи раванди литсензиякунонӣ (иҷозатномадиҳӣ)-и бошгоҳҳо маълум шуд, ки дастаи «Файзканд»-и Восеъ ба далели мушкилоти молӣ ва инфрасохторӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ширкат карда наметавонад.

Дастаи ноҳияи Восеъро дар лигаи олии кишвар барандаи медали биринҷии лигаи якуми мавсими гузашта «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки аз расмиёти литсензиякунонӣ бомуваффақият гузаштааст, иваз мекунад.

Ғайр аз ин, бинобар ба 12 адад расидани шумори дастаҳо дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Вахш»-и Бохтар баромадро дар лигаи олӣ идома хоҳанд дод, зеро ин бошгоҳҳо ба талаботи чемпионат ҷавобгӯ буда, бомуваффақият аз иҷозатномадиҳӣ гузаштаанд.

Дастаҳои «Хулбук» ва «Моҳир», ки дар мавсими гузаштаи лигаи якум ҷойҳои чорум ва панҷумро гирифтанд, бинобар риоя накардани талаботи муқарраршудаи низомномаи иҷозатномадиҳӣ ба бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон ба лигаи олӣ роҳ дода нашуданд.

Тибқи қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ, мавсими нави мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар як даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ мекунанд.

Умуман, дар мавсим ҳар як тим 22 вохӯригӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024-и лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меравад ва бошгоҳе, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Бо қарори Кумитаи иҷроияи ФФТ 33-юмин чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ 6 апрел оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.