Экстремизм дар Тоҷикистон бо ҷанбаҳои мухталиф, аз ҷумла мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷаззобияти ақидаҳои экстремистӣ ва таъсири гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ тавсиф мешавад. Дар чунин шароит бархӯрди комплексӣ ба ин масоил аҳамияти принсипиалӣ пайдо мекунад, ки натанҳо пурзӯр намудани тадбирҳои амниятиро тақозо менамояд, балки татбиқи маҷмуи васеи барномаҳои иҷтимоӣ, таълимӣ ва иқтисодиро дар бар мегирад. Аҳамияти рушди тавонмандии ҷонибҳои манфиатдори миллӣ дар муқовимат ба ин таҳдид махсусан муҳим аст, зеро он дар таъмини субот ва амният ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар нақши ҳалкунанда мебозад.
Мубориза бо экстремизм дар Тоҷикистон: аз гузашта ба оянда
Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-ум озмоишҳои сангинро паси сар намуд, ҳанӯз ҳам паёмадҳои он ҳаводис, аз ҷумла мушкилоти экстремизми хушунатомезро аз сар мегузаронад. Ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро ба ақиб партофт, балки барои гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро, ки мехоҳанд аз норизоятии иҷтимоӣ ва эътиқоди динӣ ба ҳадафҳои худ истифода баранд, заминаи мусоид фароҳам овард. Дар солҳои минбаъда Тоҷикистон дар таъмини суботи дохилӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, вале чолишҳо ва таҳдидҳои экстремизми хушунатомез аҳамияти худро нигоҳ доштааст.
Чолишҳои имрӯза ҳам бо омилҳои дохилӣ ва ҳам берунӣ алоқаманданд. Аз як тараф, таъсири бекорӣ ва надоштани дурнамои иҷтимоӣ, бахусус барои ҷавонон, заминаи мусоидеро барои радикализатсия ба миён меорад.
Дар Тоҷикистон таҳдиди экстремизм хатари дугона дорад: вуруди эҳтимолии ҷангҷӯён аз он сӯи сарҳад ва тундгароӣ дар дохили кишвар, бахусус байни ҷавонону муҳоҷирон. Экстремистон моҳирона ба шароит мутобиқ мешаванд ва технологияҳои рақамиро барои ҷалб ва паҳн кардани идеологияи худ фаъолона истифода мебаранд. Дар посух ба ин кишвар тадбирҳои муқовиматро, аз ҷумла таҳкими амният ва роҳандозии барномаҳои беҳбуди зиндагии мардум, тарҳҳои омӯзишӣ ва таҳкими ҳамбастагии иҷтимоӣ таҳия карда истодааст.
Рӯйкарди калидӣ дар муқовимат ба экстремизм
Ҳамкорӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ дар маркази стратегияҳои мубориза бо экстремизм қарор дорад. Ҳамкории муассир байни мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи ҷамоатҳои маҳаллӣ тавассути ҳалли решаҳои мушкилот ва ҷалби мардуми осебпазир аз тундгароӣ муҳофизати қавӣ эҷод мекунад.
Ҷомеаҳои маҳаллӣ дар ошкор ва пешгирии экстремизм, пешниҳоди ақидаҳои алтернативӣ ба идеологияи экстремистӣ ва тарғиби таҳаммулпазирӣ ва сулҳ нақши муҳим доранд. Таҳияи барномаҳо барои беҳбуди зиндагӣ тавассути маориф, рушди иқтисодӣ ва фарогирии иҷтимоӣ, осебпазириро ба ғояҳои экстремистӣ коҳиш медиҳад.
Намунаҳои муваффақи чунин ҳамкориҳоро дар дигар кишварҳо, метавон дар мисоли Барнома дар Орхус (Дания), ки ба кор бо ҷавононе, ки ба тундгаройи майл доранд бахшида шудааст ва ё Лоиҳаи Канада дар Монреал, ки ба пешгирии тундгароӣ тавассути барномаҳои таълимӣ ва муколамаи ҷомеа мушоҳида намуд.
Ин мисолҳо аҳамияти равиши бисёрсоҳа ва ҷалби фаъоли ҷомеаро дар пешгирии экстремиз м нишон медиҳанд. Ташаббусҳои таълимӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва ҷалби ҷомеа метавонанд барои муборизаи муассир бо радикализатсия замина гузоранд. Чунин стратегияҳо, ки ба шароити маҳаллӣ мутобиқ карда шудаанд, метавонанд устувории ҷомеаи Тоҷикистонро ба таҳдидҳои экстремистӣ тақвият бахшанд.
Маориф, огоҳӣ, ҳамкорӣ ва инноватсия
Дар ҷавоб ба чолишҳои экстремистӣ дар Тоҷикистон “Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025”, ки Стратегияи дуввуми кишвар дар мубориза бо ин падида мебошад, ҷиҳати таҳкими субот ва амният дар кишвар тадбирҳои заруриро, бо ба инобат гирифтани норасоиҳои татбиқи Стратегияи пешин таҳия гардид. Дар кишвар ба маориф, воқифгардонӣ, ҳамкорӣ ва инноватсия дар ин самт диққати махсус медиҳанд.
Барномаҳои таълимӣ ба рушди тафаккури интиқодӣ байни ҷавонон, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва дарки сулҳу таҳаммулпазирӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, дар барномаҳои таълимии мактабҳо ва макотиби олӣ ворид намудани курси таърихи адён ва омӯзонидани фарҳангшиносӣ ба ҷавонон барои муқовимат ба таблиғоти экстремистӣ кӯмак мекунад.
Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла мансабдорони давлатӣ, муаллимон ва пешвоёни дин, тавассути тренингҳо ва семинарҳо фаҳмиши аломатҳои радикализатсия ва усулҳои пешгирии онро беҳтар мекунад. Ин ба таъсиси шабакаи коршиносон ва мутахассисон барои муборизаи таъсирбахш бо экстремизм мусоидат мекунад.
Рушди ҳамкории байнисоҳавӣ ва байнимазҳабӣ имкон медиҳад, ки байни муассисаҳо ва ҷомеаҳои гуногун ҳамкорӣ карда, платформаҳо барои муколама ва ҳамкорӣ эҷод гарданд. Ин амр имкон медиҳад, ки захираҳо барои рафъи ҳам сабабҳои бевосита ва ҳам аслии экстремизм муттаҳид карда шаванд.
Истифодаи технологияҳо ва инноватсияҳо барои бурдани контрпропаганда ва мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ имкон медиҳад, ки ба паҳншавии идеологияи экстремистӣ дар интернет тавассути эҷоди мундариҷае, ки ақидаҳои экстремистиро барбод медиҳад, кӯмак кунад.
Стратегияҳои дар кишвар татбиқшаванда нишон медиҳанд, ки муқовимати муассир алайҳи экстремизм равиши гуногунҷабҳаро тақозо мекунад, ки таҳсилот, огоҳӣ, ҳамкорӣ ва инноватсияро дар бар мегирад ва барои ҳифзи ҷомеа аз таҳдидҳои экстремистӣ заминаи мустаҳкам фароҳам меорад.
Аз ташаббусҳои маҳаллӣ то ҳамкориҳои байналмилалӣ
Дар доираи стратегияи муқовимат ба экстремизм Тоҷикистон муваффақиятҳои назаррас нишон дода, барномаву лоиҳаҳои зиёдеро бо иштироки созмонҳои давлатию ғайриҳукуматӣ ва шарикони байналмилалӣ амалӣ менамояд. Ин кӯшишҳо ба таҳкими устувории ҷомеа нигаронида шуда барномаҳои таълимӣ ва лоиҳаҳоро барои таҳкими тавонмандии ҷамоатҳои маҳаллиро дар бар мегиранд.
Намунаи ҳамкориҳои бомуваффақияти байналмилалӣ лоиҳаи Барномаи рушди СММ ва Прокуратураи генералии Тоҷикистон «Тақвияти устуворӣ ба экстремизми хушунатомез дар Осиё» (STRIVE Asia) мебошад, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва СММ дастгирӣ гардида буд. Ҳадафи лоиҳа таҳкими ҷамоатҳои маҳаллӣ тавассути ташаббусҳои таълимӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон аст. Дар чаҳорчӯби лоиҳаи STRIVE Asia дар ҳашт шаҳру навоҳии Тоҷикистон Гурӯҳҳои машваратӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва офиятбахшиву реинтегратсияи бозгаштагон таъсис дода шуд.
Дар ин равандҳо ҳам созмонҳои давлатӣ ва ҳам созмонҳои ғайридавлатӣ нақши муҳим мебозанд. Онҳо заминаи ҳуқуқӣ, захираҳо ва ҳамоҳангсозиро фароҳам меоранд, дар ҳоле ки созмонҳои ғайридавлатӣ дониш ва таҷриба эҷод намуда ба пешгирии ҳадафмандона ва муассири экстремизм саҳм мегузоранд. Созмонҳои ғайридавлатии маҳаллӣ дар ин самт (аз ҷумла ТҶ “Таҳлил”) шарикони Котиботи татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.
Лоиҳаҳои бо иштироки ҷамоаҳои маҳаллӣ дар ташаккули устуворӣ ба экстремизм, махсусан байни ҷавонон, бо пешниҳод намудани дурнамои иқтисодӣ ва фароҳам овардани ҳисси ҳамбастагӣ бо ҷомеа, муваффақият нишон доданд. Ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва СММ таҷрибаи маҳаллиро бо ғояҳо ва захираҳои нав ғанӣ гардонида, ба рушди равишҳои инноватсионии пешгирии экстремизм дар кишвар мусоидат мекунад.
Тоҷикистон ва мушкилоти мубориза бо экстремизм: таҳлили мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо
Дар раванди татбиқи стратегияҳои муқовимат бо экстремизм Тоҷикистон бо монеаҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки таҳлили дақиқ ва таҳияи роҳҳои ҳалли ҳадафмандро тақозо мекунад.
Мушкилот ва чолишҳои асосӣ:
• Маблағгузории нокифоя: захираҳои маҳдуди молиявӣ гузаронидани маъракаҳои таълимӣ ва рушди инфрасохтори ёрирасонро душвор мегардонанд.
• Мутобиқсозии таҷрибаи байналмиллалӣ: Мушкилоти истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмиллалӣ дар шароити махсуси иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон.
• Ҳамоҳангсозии нокифоя: Мушкилоти ҳамкории мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва шарикони байналмилалӣ ба мубодилаи самараноки иттилоот ва захираҳо мушкилот эҷод мекунад.
Омилҳои дарунӣ ва беруние, ки ба самаранокии чораҳои пешгирикунанда таъсир мерасонанд:
• Вазъи геополитикӣ: Адами субот дар кишварҳо ва минтақаҳои ҳамсоя хатари воридшавии ғояҳои экстремистиро зиёд мекунад.
• Мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ: мушкилоти маориф ва заъфи идеологияи дунявият аҳолиро ба ғояҳои экстремистӣ бештар осебпазир мегардонад.
• Саводи ҳуқуқӣ: зарурати таҳкими эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
Барои рафъи ин монеаҳо Тоҷикистон бархӯрди ҳамаҷонибаеро тақозо мекунад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳо ва фароҳам овардани шароит барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодиро дар бар мегирад. Ин барои коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ ба таҳдидҳои ифротӣ ва таҳкими устувории иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Иттиҳоди ҷамоаҳои Тоҷикистон барои муқовимат бо экстремизм
Дар контексти муқовимат ба экстремизми хушунатомез дар Тоҷикистон татбиқи равишҳо ва стратегияҳои нав ҳамчун авлавияти асосии таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ ва пешбурди ҳуқуқи ҷавонони осебпазир ба тундгароӣ боқӣ мемонад. Ташаббусҳо аз қабили лоиҳаи БРСММ «Таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳои ҷавонписарону духтарони осебпазир ба тундгароӣ», ки бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Канада ва дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2023 оғоз гардид, зарурати баланд бардоштани иқтидори ҷонибҳои манфиатдори миллӣ ва амиқтар кардани ҳамкориҳо бо ҷомеаҳоро таъкид мекунад.
Ба сифати манотиқи озмоишӣ шаҳрҳои Бохтар ва Истаравшан ва навоҳии Рӯдакӣ ва Нуробод интихоб гаштанд, ки дар он ҷо ТҶ “Таҳлил” барномаҳои таҳкими ҷалби ҷомеа ва баланд бардоштани тавонмандии ҷонибҳои манфиатдори маҳаллиро амалӣ намуда истодааст. Ин ташаббусҳо на танҳо омӯзиши асосҳои кор бо ҷамоатҳо, балки таҳияи дастурамал барои масъулин, модулҳои омӯзишӣ, ки ба дарки амиқ ва татбиқи принсипҳои муқовимат бо экстремизм дар амал мусоидат мекунанд, дар бар мегирад.
Муҳим он аст, ки талош барои эҷоди равиши фарогир, ки аҳамияти иштироки занон, ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир дар равандҳои қабули қарорҳоро таъкид мекунад. Ин на танҳо ба таҳкими эътимод ва ҳамкории байни ҷамоаҳо мусоидат мекунад, балки кафолат медиҳад, ки боз ҳам самаранок бо экстремизм муқовимат намуд ва аз ҳама муҳим пешгирӣ кард.
Ҳамкории байналмилалӣ ва табодули таҷриба омилҳои муҳими муваффақият буда, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва мутобиқсозии онҳоро ба шароити маҳаллӣ фароҳам оварад. Фаъолияти муштарак бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таҳия ва татбиқи равишҳое нигаронида шудааст, ки хусусиятҳои фарҳангӣ ва динии кишварро ба инобат мегиранд.
Пешгирии экстремизм тавассути тақвият ва ҳавасмандгардонӣ ба алтернативаҳои мусбӣ ва рафъи сабабҳои аслии норозигӣ стратегияи калидӣ мебошанд. Ин на танҳо мубориза бо экстремизм, балки фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи аҳолӣ дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварро дар назар дорад, ки ба таҳкими пояҳои сулҳу субот дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, кӯшишҳо барои баланд бардоштани тавонмандии ҷонибҳои манфиатдор ва рушди ҳамкории ҷомеа на танҳо ба устувории ҷомеа ба таҳдидҳои экстремистӣ мусоидат мекунанд, балки уфуқҳои нави рушдро, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба адолати иҷтимоиро дар бар мегиранд, боз мекунанд.
Мақола аз ҷониби ТҶ “Таҳлил” дар доираи Лоиҳаи БРСММ «Таҳкими ваҳдати иҷтимоӣ тавассути иштирок ва пешбурди ҳуқуқҳои ҷавонписарон ва ҷавондухтарони ба экстремизм осебпазир» бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Канада омода шудааст.


