Ҷасади Сафияхонро дар Ӯзбекистон ёфтаанд

Баъди як моҳи ҷустҷуӯй, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 10-соларо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт кардаанд.  Дар ин бора Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд ба "Азия-Плюс" хабар дод.  Манбаъ гуфт, ҷасад ӯро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқудодаи Ӯзбекистон имрӯз,12-уми март тақрибан соатҳои 15:15 аз тарафи рости соҳили канали Мирзочули ҷанубӣ, ки ба […]

Asia-Plus

Баъди як моҳи ҷустҷуӯй, ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 10-соларо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт кардаанд. 

Дар ин бора Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Хуҷанд ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Манбаъ гуфт, ҷасад ӯро кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқудодаи Ӯзбекистон имрӯз,12-уми март тақрибан соатҳои 15:15 аз тарафи рости соҳили канали Мирзочули ҷанубӣ, ки ба ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон мерезад, дарёфт кардаанд. 

Ҳоло ҷасади духтарак дар яке аз сардхонаҳои Ӯзбекистон аст  ва рӯзҳои наздик ба пайвандонаш дода мешавад.

Қаблан, КҲФ Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷасади ин духтарча дар ҳудуди Ӯзбекистон ба унвонии КҲФ ин кишвар мактуб ирсол карда буд.

Сафияхон Раҳматова 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст. 

Дар он навор мушоҳида мешуд, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.