Тоҷикистону Қирғизистон ҳарчи бештар ба имзои созишнома оид ба сарҳад наздик мешаванд. Вақте ин матлаб навишта мешуд, роҳбарони ҳайатҳои музокироти ду кишвар бори дигар мулоқот карда, аз “пешравии назаррас” дар раванди муайянкунии сарҳад хабар доданд. Мулоқоти онҳо дар доираи васеъ дар ҳар ду давлат доир шуд.
Бо наздик шудани имзои созишнома, масъалаи таъмини зиндагии осоиштаи минбаъда ва ё барқарор кардани ҳамсоядории неке, ки миёни сокинон ду кишвар, махсусан сокинони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд дошт, мубрам мегардад.
Кадом омилҳо ва ё иқдомот метавонад равобити сокинони ду кишварро ба мисли пешин наздик кунад?
“Дар як танӯр нон мепухтем”
Муқаддас Муродова, як сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, ки бо рустои Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст, бо ҳамсояҳои қирғизаш зиндагии осоишта дошт ва қарин гашта буд, вале баъди муноқишаҳои пайдарпайи чанд соли охир рафту омади онҳо қатъ шуд.
Ӯ мегӯяд, дар гузашта бо ҳамсояҳои қирғизаш дар як танӯр нон мепухт ва аз як ҷӯйбор об мегирифт.
“Дар ҳар ҳолат ба ҳамдигар кӯмак мекардем, вале имрӯз равобити мо канда шудааст”,-мегӯяд Муқаддас Муродова.
Аммо таъкид мекунад, ки миёни ӯ ва ҳамсояҳои қирғизаш ҳеҷ хусумате вуҷуд надорад ва рӯзе ҳатман боз бо ҳам наздик хоҳанд шуд.
Ҷомеашиносон ва худи аҳолии наздимарзӣ мегӯянд, чанд роҳи ба ҳам наздик шудани аҳолӣ ҳаст, танҳо мақомоти ду кишварро мебояд, аз онҳо дуруст истифода кунанд.
Бозорҳои наздимарзӣ
Яке аз онҳо дубора барқарор кардани бозорҳои наздимарзӣ мебошад. Шумораи аниқи чанин бозорҳо дар навоҳии наздимарзии ду кишвар маълум нест, вале то чанд сол пеш ҳаддиақал 10 бозори наздимарзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон кор мекард, ки ҳоло фаъолияти онҳо боздошта шудааст.
Ҳоло танҳо чанд мағозаи бозори муштараки “Вохӯрӣ”-и ҷамоати деҳоти Овчӣ – Қалъача фаъол асту халос. Молбозор ва бозорҳои дигари наздимарзӣ дар ин минтақа пурра аз фаъолият бозмондааст.
Ин бозорҳо то муноқишаҳои охири марзӣ, махсусан солҳои 2021-2022 макони вохӯрии тоҷикону қирғизҳо буд ва барои ҳамзистии осоиштаи мардум мусоидат мекарданд.
Мушкил дар бозорҳои наздимарзӣ соли 2013 пайдо шуд. Он замон ҷониби Қирғизистон барои “ба меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудани маҳсулоти ворида аз Тоҷикистон” дари бозорҳоро ба рӯи фурӯшандаҳои тоҷик баст ва баъдан, ҷониби Тоҷикистон ҳам фурӯши маҳсулотро барои қирғизҳо манъ кард.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси масоили марзӣ бовар дорад, ки агар тиҷорати байниҳамдигарӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба роҳ монда шавад, қадам ба қадам вазъ муътадил ва аҳолӣ ба ҳам наздик мешаванд.
“Вақте мардуми ду кишвар аз ҳамдигар вобаста мешаванд, оҳиста – оҳиста кинаро фаромӯш мекунанд. Боварӣ ҳам ба ҳамдигар устувор мегардад”,-гуфт ин коршиноси тоҷик.
Замони фаъол будани бозорҳо одамон на танҳо аз ин ҳисоб зиндагии худро таъмин мекарданд, балки ҳолатҳои бо ҳам оиладор шудани сокинон ҳам ҷой дошт.
Домод аз Тоҷикистон, арӯс дар Қирғизистон
Воқеан, барпо кардани оилаҳо дар байни сокинони навоҳиҳои наздимарзӣ яке аз роҳҳои ба ҳам наздик намудани аҳолии ду кишвар аст. Ин андешаро Зулайхо Усмонова, ҷомеашиноси тоҷик низ дастгирӣ мекунад ва мегӯяд, ин усул таърихан собит шудааст ва дар оянда фарзандону наберагон барои барқарор кардани муносибатҳо таъсири амиқ мегузоранд.
Навобаста ба муноқишаҳои марзӣ ва гуногунии миллат даҳҳо нафар сокинони наздимарзии ду кишвар ба оилаҳои якдигар духтар додаанду аз ҷониби дигар келин гирифтаанд. Вале муноқишаҳои марзӣ келин ё домодро аз дидори наздиконашон ё маъракаҳои муҳим аз ин ё он тарафи марз маҳрум кард.
“Домоди ман ва қудоҳоям дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Ду сол боз роҳ баста аст мо ба маросими ҳамдигар рафта омада наметавонем. Ҳоло на духтар дода метавонем ва на духтар меорем, чунки марзҳо баста аст. Мехоҳем роҳҳо кушода шавад”,-мегӯяд Рустам Тӯхтабоев, сокини яке аз деҳаҳои наздимарзии Қирғизистон.
Зимнан, чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар маросими тӯйе дар вилояти Бодканди Қирғизистон хешу табори навхонадорон аз Тоҷикистон, бо далели баста будани марз, ки тақрибан 12 метр дарозӣ дораду убури он манъ аст, натавонистанд дар маъракаи арӯсӣ иштирок кунанд, вале ба ин ҷуфт аз он сӯи роҳ дуо доданд.
Оши оштӣ ва ташкили ифторҳо
Дар гузашта, баъди муноқишаҳои наздимарзӣ сокинони навоҳии ду кишвар, аз ҷумла мӯйсафедону шахсиятҳои таъсиргузори маҳаллӣ ба ҳам ҷамъ меомаданд ва маъракаи оши оштӣ ва ё ифтор ташкил мекарданд. Дар чунин маъракаҳо ҷонибҳо хоҳони боз шудани роҳҳо, барқарор шудани рафтуомад ва пойдории сулҳу дӯстӣ байни мардумони тоҷику қирғиз мешуданд.
Зулайхо Усмонова бар ин бовар аст, ки бояд аз мавқеи рӯҳониён ва шахсони обрӯманди маҳаллӣ истифода кард.
“Беҳтарин коре, ки ҳукуматҳои маҳаллии ду кишвар карда метавонанд, ҷамъ кардани мардум ва фаҳмонидан, ки онҳо дар бораи марз ба чӣ мувофиқа расидаанд. Дар ҷое, ки лозим аст, аз мардум узрпурсӣ кунанд ва аз онҳо хоҳиш намоянд, ки якдигарбахшӣ кунанд ва барои хатогиҳои гузашта интиқом нагиранд”,-гуфт ин ҷомеашиноси тоҷик.
Мусобиқаҳои варзишӣ ва ташкили лагерҳо
Сокинони маҳаллӣ нақл мекунанд, ки дар гузашта барои боз ҳам наздиктар шудани аҳолии наздимарзии ду кишвар дар арафаи иду ҷашнҳо мусобиқаҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва илмиву оммавӣ барои калонсолон ва мактаббачагон гузаронида мешуд.
Неъматулло Мирсаидов пешниҳод кард, ки барои барқарор кардани муносибатҳо ва анъанаҳои пешин сокинони наздимарзӣ ҷашни Наврӯзи имсоларо якҷоя таҷлил кунанд.
“Ҳамчунин, мақомоти Қирғизистон барои таҷлили ҷашни “Гули ойгул” фарҳангиёни Тоҷикистонро даъват карда, якҷоя ҷашн гиранд. Ин барои ба мардум нишон додани вазъи осудаи минтақа заминаи хуб мегузорад”, – гуфт ӯ.
Бояд гуфт, то муноқишаҳои охири марзӣ хонандагони мактабҳои ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар ба лагерҳои умумӣ ҷалб мешуданд. Яке аз иштирокчиёни чунин легарҳо аз деҳаи наздимарзии Исфара нақл кард, ки ҳудудан 40 нафарро аз мактабҳои ҳарду кишвар гирифта, ба осоишгоҳҳои Қайроқум (ҳоло Гулистон)-и Тоҷикистон мефиристоданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ташкили легарҳо барқарор кардани дӯстӣ байни хонандагон ва таҳкими робитаи дӯстиву якдигарфаҳмӣ байни аҳолӣ буд.
Вале ҳамсуҳбати мо аз деҳаи Овчи-Қалъача, ки худ яке аз иштирокчиёни ин лагерҳо аст, гуфт, таъсиси легерҳо наметавонад ба таври ҷиддӣ ба муносибатҳо таъсир расонад, зеро миқдори ками одамон дар онҳо иштирок мекунанд (танҳо 40-50 хонанда ширкат мекард) ва онҳо наметавонанд афкори умумро дигар кунанд.
“Муноқишаҳо нишон доданд, ки фаъолияти лагер ва ташкили чорабинҳои фарҳангӣ самаранок нест”, – гуфт ӯ.
Истифода аз таҷрибаи нармшавии муносибат бо Ӯзбекистон
Дар ҳамин ҳол, вай пешниҳод кард, ки барои боз ҳам наздиктар шудани аҳолии минтақаҳои наздимарзӣ бояд аз таҷрибаи барқароркунии равобит бо кишвари Ӯзбекистон кор гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, бояд ба мисли Ӯзбекистон дар сатҳи ҳукуматҳо чорабиниҳои ҷиддии фарҳангӣ, мисли “Шоми дӯстӣ” бо ширкати роҳбарони аввали ду кишвар гузаронида шавад ва дар расонаҳо ҳусни ҳамҷаворӣ тарғиб карда шавад.
Ҳамсуҳбати мо афзуд, барои ба сатҳи пешина баромадани муносибат байни одамони оддӣ бояд вақти зиёд гузарад, то хотираҳои талх фаромӯш шавад.
Марзҳои кушода ва ҳаракати озод
Зулайхо Усмонова ҳам гуфт, барои барқарор кардани зиндагии якҷоя ва осудаи сокинони навоҳии наздимарзӣ вақт лозим аст.
Номбурда афзуд, барои бозкушоии бозорҳои наздимарзӣ ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ҳоло барвақт аст, зеро “сулҳ байни онҳо ҳоло нозук буда, мустаҳкам нест”.
Неъматулло Мирсаидов низ мегӯяд, барои наздик шудани сокинон бояд пеш аз ҳама бе ягон шартгузорӣ марзи ду кишвар кушода ва ҳаракати озоди аҳолӣ таъмин шавад.
“Роҳҳои байни маҳаллаҳои аҳолинишин ҳам бояд боз шавад. Минтақаҳое, ки муноқишаҳо рух дод, зери назорати мақомоти қудратии ду кишвар бошад. Ҷонибҳо нафарони тундравро дар ин минтақаҳо хуб медонанд. Онҳоро бояд зери назорат гиранд, то иғвогарӣ накунанд”, – афзуд ин коршиноси тоҷик.
Ҳоло маълум нест, ки созишномаи ниҳоии марзӣ байни ду кишвар кай имзо мешавад, вале як воқеият рӯшан аст, ки сокинони ҳарду ҷониби марз аз танишу сардии равобит хаста шудаанд ва мехоҳанд субот дар хонадонашон таъмин бошад ва дӯстии қаблӣ барқарор гардад. Зеро дар ҳарду ҷониби марз хуб дарк мекунанд, ки “ҳамсояро интихоб намекунанд”, балки бо ӯ ҳамзистии осоиштаро ба роҳ мемонанд.


