Кӯмаки башардӯстонаи Маркази имдоди Арабистони Саудӣ ва шоҳ Салмон ба мардуми Тоҷикистон

Маркази имдоди Арабистони Саудӣ ва шоҳ Салмон дар моҳи Рамазон ба мардуми Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ироа кард. Ироаи кӯмак дар анборҳои Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо  ташаббус ва ҳузури Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, роҳбарияти ҷамъият, намояндаҳои  Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон, намояндаи ширкати истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ ба ниёзмандони чаҳор […]

Asia-Plus

Маркази имдоди Арабистони Саудӣ ва шоҳ Салмон дар моҳи Рамазон ба мардуми Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ироа кард.

Ироаи кӯмак дар анборҳои Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Тоҷикистон бо  ташаббус ва ҳузури Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, роҳбарияти ҷамъият, намояндаҳои  Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон, намояндаи ширкати истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ ба ниёзмандони чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе шурӯъ гардид.

Пас аз навоҳии пойтахт, кӯмакҳои мазкур ҳамчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат низ тақсим карда шуд.

“Имсол дар доираи лоиҳаи “Сабади озуқаворӣ” шумораи сабадҳо ба 7 ҳазору 427 мерасад ва ғизои дохили он аз орду шакару равған, макарону чой, лубиё, биринҷу мош ва донагиҳои дигар иборат аст. Ва ин маводи озуқа бошад, барои истеъмоли 44 ҳазору 562 нафар ятиму ниёзманду мӯҳтоҷ рост меояд, ки он дар 5 шаҳру навоҳии кишвар тақсим мегардад”, – таъкид мегардад дар иттилоия.

Бояд гуфт, ки имсол аз ҷониби Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон барои таҳияи ҳамаи ин сабадҳои озуқаворӣ ҳудуди 400 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи таъмини ғизо соли сеюм аст, ки дар Тоҷикистон татбиқ мешавад. Ин кӯмакҳо асосан барқарорсозии саривақтӣ, таъмини макони зист, дастраскунии озуқаворӣ, соҳаи тандурустӣ ва таъмини оби нӯшокиро фаро мегирад.

Тибқи маълумотҳо, Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ аз ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон ва татбиқи лоиҳаҳои хайриявӣ миёни кишварҳои арабӣ дар мақоми аввал ва дар дунё дар зинаи сеюм қарор дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио