Тоҷикон хушбахттар аз туркҳо, аммо ғамгинтар дар минтақа будаанд. СММ рӯйхати нави хушбахтиро нашр кард

Ҳамасола феҳристи хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон интишор мешавад, ки аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид (СММ) таҳия мегардад. Коршиносон сатҳи хушбахтиро аз рӯи нишондиҳандаҳое чун ММД ба ҳар сари аҳолӣ, давомнокии умр, мавҷудияти фасод дар кишвар ва арзёбии қаноатмандӣ аз худ муайян мекунанд. СММ имсол Финляндияро хушбахттарин кишвар эътироф кард ва ин бори ҳафтум аст. Инчунин дар […]

Алина Валамат-заде, Asia-Plus

Ҳамасола феҳристи хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон интишор мешавад, ки аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид (СММ) таҳия мегардад.

Коршиносон сатҳи хушбахтиро аз рӯи нишондиҳандаҳое чун ММД ба ҳар сари аҳолӣ, давомнокии умр, мавҷудияти фасод дар кишвар ва арзёбии қаноатмандӣ аз худ муайян мекунанд.

СММ имсол Финляндияро хушбахттарин кишвар эътироф кард ва ин бори ҳафтум аст. Инчунин дар ТОП-3 Дания ва Исландия ҷойгир шудаанд. Афғонистон бадбахттарин кишвар дониста шуд.

Як далели ҷолиб ин аст, ки бори аввал аз замони таъсиси ин рейтинг на ИМА ва на Олмон ба 20 кишвари хушбахттарин шомил нашуданд.

 

Тоҷикистон чӣ?

Тоҷикистон дар байни 143 кишвар зинаи 89-умро соҳиб шуд. Ин поинтар зина миёни кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ – Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аст, ки мутаносибан дар ҷойҳои 47, 49 ва 75-ум қарор доранд.

Аммо дар ҳамин ҳол, сокинони Тоҷикистон худро хушбахттар аз сокинони Туркия ва Гурҷистон эҳсос мекунанд.

Соли гузашта Тоҷикистон дар ҷои 83-юм ва як сол пеш 78-ум қарор дошт. Яъне тайи ду соли ахир 10 зина поён рафтааст.

Ҳисобот инчунин бори аввал сатҳи хушбахтиро аз рӯи синну сол таҳлил мекунад. Пажӯҳишгарон муайян кардаанд, ки дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар баробари пир шудани одамон сатҳи хушбахтии миёна тадриҷан коҳиш меёбад.

Синну соли хушбахттарин афрод аз 15 то 24-сола мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио