Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи истеҳсолоти иҷрои маҷбурӣ ва мақсадҳои онро баррасӣ карданд.
Мафҳумҳои маъмулии дар истеҳсолоти иҷро истифодашаванда:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” тартиб ва шартҳои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муайян намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомоти иҷроро муқаррар менамояд.
Истеҳсолоти иҷро ин маҷмӯи амалҳои мурофиавӣ ва иҷроии иҷрочии мақомоти иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд.
Ҳуҷҷати иҷро бошад, ин пеш аз ҳама санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мебошанд, ки барои аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро оғоз намудани истеҳсолоти иҷро ва гузаронидани амалҳои иҷрои маҷбурӣ асос мегарданд.
Ситонанда шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, кредитори таъминшуда, ки ба фоида ё манфиати онҳо ҳуҷҷати иҷро дода шудааст.
Қарздор ин шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахси воқеӣ ё ҳуқуқии давлати хориҷӣ, ки ӯҳдадор аст талаботи муайянкардаи ҳуҷҷати иҷроро иҷро намояд ва ё аз содир намудани амалҳои муайян худдорӣ кунад.
Иҷрочии мақомоти иҷро-шахси мансабдори давлатӣ, ки ваколатҳои бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ба зиммаи ӯ вогузоршударо ҷиҳати таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро амалӣ менамояд.
Амалҳои иҷро ин амалҳо оид ба гузаронидани чораҳои маҷбурии иҷро, ки барои таъмини иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро равона гардидаанд.
Мақсади асосии амалигардонии истеҳсолоти иҷроиши маҷбурӣ чист?
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро”, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Истеҳсолоти иҷро тибқи қонунгузорие, ки дар вақти иҷро амал мекунад, анҷом дода мешавад.
Истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани қарзҳои андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, рӯёнидани ноустуворона оид ба сари вақт насупоридани ҷарима ва дигар муҷозот барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақомоти ваколатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ва мутобиқи қонунгузории андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани намудҳои дигари пардохти ҳатмӣ ба буҷет дар самти рӯёнидани маблағи ҷарима дар асоси санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” ба амал бароварда мешавад.
Вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ин иҷрои дуруст ва саривақтии маҷбурии санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, маъмурӣ ва иқтисодӣ, ҳукм ва қарорҳои вобаста ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар қисмати даъвои гражданӣ, рӯёнидани маблағи ҷарима, ҷуброни зарар, ҷуброни зарари молу мулкӣ ва мусодираи молу мулк, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” иҷро намудани санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор аст.
Истеҳсолоти иҷро дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) қонуният;
2) эҳтиром ба ҳаёт, қадр, номус ва шаъну шарафи шаҳрванд;
3) таъмини шаффофият ва саривақтии гузаронидани амалҳои иҷро ва татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
4) дахлнопазирии ҳадди ақали молу мулки барои зиндагии шаҳрванди қарздор ва аъзои оилаи ӯ зарур;
5) мувофиқати ҳаҷми талаботи ситонанда ва чораҳои иҷрои маҷбурӣ;
6) мустақилияти иҷрочии мақомоти иҷро.
Иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷро ба зиммаи иҷрочиёни мақомоти иҷро гузошта мешавад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба рӯёнидани маблағҳои пулӣ, мусодираи ашёе, ки олоти содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, инчунин аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ амалӣ карда мешавад
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


